Агар дар муҳосираи душман бимонам, дилам нахоҳад тарсид; агар бар зидди ман корзор барпо шавад, дар он сурат низ таваккал хоҳам кард.
Забур 26:3
Нури рӯзона
Агар дар муҳосираи душман бимонам, дилам нахоҳад тарсид; агар бар зидди ман корзор барпо шавад, дар он сурат низ таваккал хоҳам кард.
Забур 26:3
Худованд чашми кӯронро мекушояд; Худованд хамидақоматонро рост мегардонад; Худованд одилонро дӯст медорад.
Забур 145:8
То ки фарзандони Падари худ, ки дар осмон аст, гардед; зеро Ӯ офтоби Худро бар бадону некон тулӯъ мекунонад ва борон бар одилону золимон меборонад.
Инҷили Матто 5:45
Пас, чун фарзандони маҳбуб, ба Худо тақлид намоед, Ва дар муҳаббат рафтор кунед, чунон ки Масеҳ низ ба мо муҳаббат дошт ва Худро барои мо, ҳамчун ҳадия ва қурбонӣ ба Худо, ҳамчун бӯи муаттар таслим намуд.
Нома ба Эфсӯсиён 5:1-2
Балки ба якдигар меҳрубон ва дилсӯз бошед ва якдигарро афв намоед, чунон ки Худо низ моро дар Масеҳ афв намудааст.
Нома ба Эфсӯсиён 4:32
Чун ҷонҳои худро бо итоати ростӣ ба воситаи Рӯҳ барои бародардӯстии бериё пок кардаед, доимо якдигарро аз самими қалб дӯст бидоред,
1 Петрус 1:22
Зеро муҳаббати Масеҳ моро водор менамояд, ки чунин муҳокима ронем: Яке барои ҳама мурд, пас ҳама мурданд.
2 ба Қӯринтиён 5:14
Лекин шумо душманони худро дӯст бидоред, ва некӣ кунед, ва карз диҳед, бе он ки ба талофии он умедвор шавед; ва мукофоти шумо бузург хоҳад буд, ва писарони Ҳаққи Таоло хоҳед буд; зеро ки Ӯ ба носипосон ва бадон меҳрубон аст. Пас, раҳмдил бошед, чунон ки Падари шумо раҳим аст.
Инҷили Луқо 6:35-36
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
5 Июл 2026
1 John 4:16
4 Июл 2026
John 13:23
3 Июл 2026
Romans 8:17
2 Июл 2026
Exodus 12:43
1 Июл 2026
Galatians 5:22
30 Июн 2026
Revelation 3:19
29 Июн 2026
1 John 5:3