Ва диққат кунем, ки якдигарро ба муҳаббат ва аъмоли нек барангезонем,
ба Ибриён 10:24
Нури рӯзона
Ва диққат кунем, ки якдигарро ба муҳаббат ва аъмоли нек барангезонем,
ба Ибриён 10:24
Чӣ пурзӯр аст суханони ростӣ! Вале танбеҳи шумо чиро исбот мекунад?
Айюб 6:25
Ин номаи дуюм аст, ки ба шумо, эй маҳбубон, менависам; дар онҳо бо роҳи ёдоварӣ фикри поки шуморо таҳрик медиҳам,
2 Петрус 3:1
Он вақт тарсгорони Худованд бо якдигар сухан меронданд, ва Худованд гӯш андохта, инро мешунид, ва ба ҳузури Ӯ ин дар китоби ёддошт, ки барои тарсгорони Худованд ва азиздорандагони исми Ӯ мебошад, навишта мешуд.
Малокӣ 3:16
Ҳамчунин ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки агар ду нафар аз шумо бар замин дар бораи талабидани ҳар чиз муттафиқ шаванд, аз тарафи Падари Ман, ки дар осмон аст, ба онҳо бахшида хоҳад шуд.
Инҷили Матто 18:19
Ва Худованд Худо гуфт: «Хуб нест, ки одам танҳо бошад; пас барояш мададгоре ки ба вай мувофиқ бошад, биофарам».
Ҳастӣ 2:18
Ду нафар аз як нафар беҳтаранд, чунки барои онҳо аз меҳнаташон музди хубе пайдост. Зеро ки агар яке афтад, дигаре аз онҳо рафиқи худро бармехезонад. Валекин вой ба ҳоли он одами танҳо, вақте ки ӯ афтад, ва касе набошад, ки ӯро бархезонад!
Воиз 4:9-10
Пас, якдигарро дигар маҳкум накунем; балки беҳтар аст дар он хусус муҳокима кунед, ки касе дар сари роҳи бародараш пешпое ё васвасае нагузорад.
Нома ба Румиён 14:13
Борҳои якдигарро бардоред, ва ба ҳамин тариқ шариати Масеҳро иҷро хоҳед кард.
Нома ба Ғалотиён 6:2
Эй бародарон, агар касе гирифтори хатое шавад, шумо, рӯҳониён, ӯро дар рӯҳи фурӯтанӣ ислоҳ кунед, ва ҳар кас аз худаш бохабар бошад, ки мабодо ба озмоиш дучор шавад.
Нома ба Ғалотиён 6:1
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
11 Июл 2026
Jeremiah 15:20
10 Июл 2026
Matthew 10:24
9 Июл 2026
Zechariah 3:4
8 Июл 2026
1 John 1:9
7 Июл 2026
Matthew 4:1
6 Июл 2026
Colossians 4:6
5 Июл 2026
1 John 4:16