Амали ҳар кас зоҳир хоҳад шуд; зеро ки он рӯз нишон хоҳад дод, чунки дар оташ ошкор хоҳад шуд, ва оташ амали ҳар касро озмоиш хоҳад кард, ки он чӣ гуна аст.
1 ба Қӯринтиён 3:13
Нури рӯзона
Амали ҳар кас зоҳир хоҳад шуд; зеро ки он рӯз нишон хоҳад дод, чунки дар оташ ошкор хоҳад шуд, ва оташ амали ҳар касро озмоиш хоҳад кард, ки он чӣ гуна аст.
1 ба Қӯринтиён 3:13
Бинобар ин ба ҳеҷ ваҷҳ пеш аз вақт, яъне то даме ки Худованд биёяд, ҳукм накунед, ки маҳз Ӯ чизҳои дар торикӣ пинҳонро равшан ва ниятҳои дилҳоро ошкор хоҳад кард, ва он гоҳ ҳар кас аз ҷониби Худо таҳсин хоҳад ёфт.
1 ба Қӯринтиён 4:5
Пас чаро ту бародаратро маҳкум мекунӣ? Ё ту низ чаро бародаратро хор мешуморӣ? Охир, ҳамаи мо пеши курсии доварии Худо ҳозир хоҳем шуд.
Нома ба Румиён 14:10
Пас, ҳар яке аз мо дар бораи худ ба Худо ҳисобот хоҳад дод. Пас, якдигарро дигар маҳкум накунем; балки беҳтар аст дар он хусус муҳокима кунед, ки касе дар сари роҳи бародараш пешпое ё васвасае нагузорад.
Нома ба Румиён 14:12-13
Дар ҳамон рӯзе ки Худо, ба ҳасби башорати ман, асрори одамонро ба воситаи Исои Масеҳ доварӣ хоҳад кард.
Нома ба Румиён 2:16
Зеро ки Падар бар ҳеҷ кас доварӣ намекунад, балки тамоми довариро ба Писар супурдааст,
Инҷили Юҳанно 5:22
Ва ба Ӯ қудрат бахшидааст, ки доварӣ кунад, зеро ки Ӯ Писари Одам аст.
Инҷили Юҳанно 5:27
Ту ба ҳазорҳо марҳамат менамоӣ, ва подоши маъсияти падаронро ба оғӯши фарзандонашон баъд аз онҳо мерасонӣ, эй Худои бузурги ҷаббор, ки исми Ту Худованди лашкарҳост! Ту дар рой бузург ва дар аъмол қавӣ ҳастӣ; чашмони Ту бар ҳамаи роҳҳои банӣ‐одам воз аст, то ки ба ҳар кас мувофиқи роҳҳояш ва бар тибқи самараи аъмолаш подош диҳӣ.
Ирмиё 32:18-19
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
8 Июл 2026
1 John 1:9
7 Июл 2026
Matthew 4:1
6 Июл 2026
Colossians 4:6
5 Июл 2026
1 John 4:16
4 Июл 2026
John 13:23
3 Июл 2026
Romans 8:17
2 Июл 2026
Exodus 12:43