Эй писарам! Дили худро ба ман деҳ, ва чашмони ту бигзор роҳҳои маро риоят кунад,
Масалҳо 23:26
Нури рӯзона
Эй писарам! Дили худро ба ман деҳ, ва чашмони ту бигзор роҳҳои маро риоят кунад,
Масалҳо 23:26
Кошки дили онҳо чунин мебуд, ки аз Ман тарсида, тамоми аҳкоми Маро тамоми айём риоя мекарданд, то ки барои онҳо ва барои писарони онҳо ба сурати абадӣ некӯ бошад!
Такрори Шариат 5:29
Туро аз ин чиз насибе ва баҳрае нест, зеро ки дилат дар ҳузури Худо рост намебошад;
Аъмоли Ҳаввориён 8:21
Чунки фикрҳои ҷисмонӣ душманӣ ба Худост, зеро ки ба шариати Худо итоат намекунад ва наметавонад итоат кунад. Бинобар ин онҳое ки ба ҳасби ҷисм зиндагӣ мекунанд, ба Худо писанд афтода наметавонанд.
Нома ба Румиён 8:7-8
Ва на фақат ба тавре ки мо чашм доштем, балки худашонро пешкаш карданд, аввалан ба Худованд ва сониян ба мо низ мувофиқи иродаи Худо;
2 ба Қӯринтиён 8:5
Ва ҳар амалеро, ки барои хизмати хонаи Худо, барои риояи Таврот ва аҳком, барои чустани Худои худ икдом намуд, ӯ бо тамоми дили худ иҷро кард ва муваффақият ёфт.
2 Вақоеънома 31:21
Бештар аз ҳар чизи ҳифзталаб дили худро маҳфуз дор, зеро ки зуҳуроти ҳаёт аз он аст.
Масалҳо 4:23
Ҳар он чи мекунед, аз ҷону дил ба ҷо оваред, мисли он ки барои Худованд бошад, на барои одамон,
Нома ба Қӯлассиён 3:23
На бо ҳозирхизматии зоҳирӣ, ҳамчун одампарастон, балки ҳамчун ғуломони Масеҳ, ки иродаи Худоро аз таҳти дил ба ҷо меоваранд. Ғайратмандона хизмат кунед, мисли он ки ба Масеҳ бошад, на ба одамон,
Нома ба Эфсӯсиён 6:6-7
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
9 Июл 2026
Zechariah 3:4
8 Июл 2026
1 John 1:9
7 Июл 2026
Matthew 4:1
6 Июл 2026
Colossians 4:6
5 Июл 2026
1 John 4:16
4 Июл 2026
John 13:23
3 Июл 2026
Romans 8:17