Инак, Ӯ ба муқаддасони Худ эътимод надорад, ва осмон дар назараш пок нест, Алалхусус одамизод зишт ва фосид аст, ки ноинсофиро мисли об менӯшад.
Айюб 15:15-16
Нури рӯзона
Инак, Ӯ ба муқаддасони Худ эътимод надорад, ва осмон дар назараш пок нест, Алалхусус одамизод зишт ва фосид аст, ки ноинсофиро мисли об менӯшад.
Айюб 15:15-16
Инак, ҳатто моҳ чандон рӯшноӣ намедиҳад, ва ситорагон дар назари Ӯ пок нестанд, Алалхусус инсон, ки мисли кирм аст, ва писари одам, ки мисли митта аст».
Айюб 25:5-6
Кист мисли Ту, эй Худованд, дар миёни худоён? Кист мисли Ту азимулқадр дар қудсият? Ту аз ҳар мадҳ болотарӣ, эй Офаридагори мӯъҷизот!
Хуруҷ 15:11
Ва яке ба дигаре нидо карда, мегуфт: «Қуддус аст, қуддус аст, қуддус аст Худованди лашкарҳо! Тамоми замин аз ҷалоли Ӯ пур аст!»
Ишаъё 6:3
Балки, чунон ки Даъваткунандаи шумо муқаддас аст, худатон низ дар тамоми рафторатон муқаддас бошед, Зеро ки навишта шудааст: «Муқаддас бошед, чунки Ман муқаддас ҳастам».
1 Петрус 1:15-16
Зеро ки онҳо моро ба салоҳдиди худашон барои айёми андак ҷазо медоданд, аммо Ӯ ин корро ба манфиати мо, то ки дар қудсияти Ӯ ширкат дошта бошем, анҷом медиҳад.
ба Ибриён 12:10
Агар касе маъбади Худоро вайрон кунад, Худо ӯро хонавайрон хоҳад кард, зеро ки хонаи Худо муқаддас аст, ва он шумо ҳастед.
1 ба Қӯринтиён 3:17
Агар ҳамаи инҳо чунин нобуд мешуда бошанд, пас шумо дар рафтори муқаддасона ва парҳезгорӣ чӣ гуна бояд бошед,
2 Петрус 3:11
Пас, эй маҳбубон, модоме ки инро интизорӣ доред, саъю кӯшиш намоед, ки назди Ӯ покиза ва беайб дар осоиштагӣ хозир шавед;
2 Петрус 3:14
Ҳеҷ як сухани қабеҳе аз даҳонатон набарояд, балки фақат сухани нек, ки дар вақти эҳтиёҷот барои обод кардан бошад, то ки ба шунавандагонаш файз бахшад. Ва Рӯҳулқудси Худоро, ки бо Он ба интизори рӯзи озодӣ мӯҳр зада шудаед, андӯҳгин накунед.
Нома ба Эфсӯсиён 4:29-30
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
25 Июл 2026
1 John 3:14
24 Июл 2026
Romans 12:12
23 Июл 2026
1 Corinthians 15:24
22 Июл 2026
Romans 6:10
21 Июл 2026
Romans 3:1-2
20 Июл 2026
John 17:16
19 Июл 2026
Luke 1:49