Якшанбе, 2 Август 2026

Нури рӯзона

2 Авг 2026

«Танҳо Худам чархуштро поймол кардам, ва аз қавмон касе бо Ман набуд, ва Ман онҳоро дар ғазаби Худ поймол намудам, ва дар шиддати хашми Худ онҳоро лагадкӯб сохтам, ва хуни онҳо бар либоси Ман пошида шуд, ва Ман тамоми ҷомаи Худро олуда кардам;

Ишаъё 63:3

Кист мисли Ту, эй Худованд, дар миёни худоён? Кист мисли Ту азимулқадр дар қудсият? Ту аз ҳар мадҳ болотарӣ, эй Офаридагори мӯъҷизот!

Хуруҷ 15:11

Ва дид, ки одаме нест, ва тааҷҷуб намуд, ки пуштибоне нест; ва бозуи Ӯ ба Ӯ мададгор шуд, ва адолати Ӯ Ӯро дастгирӣ намуд.

Ишаъё 59:16

Ӯ шахсан гуноҳҳои моро дар Бадани Худ ба дор бардошт, то ки мо аз гуноҳҳо фориғ шуда, барои адолат зиндагӣ кунем: шумо аз ҷароҳатҳои Ӯ шифо ёфтед.

1 Петрус 2:24

Масеҳ моро аз лаънати шариат фидия дода гирифта, барои мо лаънат гардид, — зеро ки навишта шудааст: «Малъун аст ҳар касе ки ба дор овехта шудааст», —

Нома ба Ғалотиён 3:13

Худованд подшоҳӣ мекунад: бигзор қавмҳо ба ларза оянд! Ӯ бар каррубиён нишастааст: бигзор замин мутазалзил гардад!

Забур 98:1

Ва сарварону ҳукуматдоронро аз қувваташон маҳрум сохта, гирифтори шармандагӣ кард ва бар онҳо дастболо шуд.

Нома ба Қӯлассиён 2:15

Ӯ аз заҳмати ҷони Худ самар дида, қонеъ хоҳад шуд; Бандаи Одили Ман бо дониши Худ мардуми бисьёреро сафед хоҳад кард, ва гуноҳҳои онҳоро бар дӯши Худ хоҳад бардошт.

Ишаъё 53:11

Наҳри Қишӯн онҳоро ғарқ кард, — наҳри қадимӣ, наҳри Қишӯн. Бо тамоми қувват, эй ҷони ман, душманро поймол кардӣ!

Доварон 5:21

Аммо бар ҳамаи ин мо ба воситаи Дӯстдорамон пурра ғолиб меоем.

Нома ба Румиён 8:37

Онҳо бар вай ба василаи хуни Барра ва каломи шаҳодати худ ғолиб омаданд ва ҷони худро то ба ҳадди мамот гиромӣ надоштанд.

Ваҳй Юҳанно 12:11

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир