Ниқӯдимус, ки шабона назди Ӯ омада буд ва яке аз онҳо буд, ба онҳо гуфт:
Инҷили Юҳанно 7:50
Нури рӯзона
Ниқӯдимус, ки шабона назди Ӯ омада буд ва яке аз онҳо буд, ба онҳо гуфт:
Инҷили Юҳанно 7:50
Лекин Петрус аз дур, то ҳавлии саркоҳин, аз паи Ӯ равона шуд; ва ба даруни он даромада, бо хизматгорон нишаст, то ки анҷоми корро бубинад.
Инҷили Матто 26:58
Бо вуҷуди ин бисьёре аз сардорон низ ба Ӯ имон оварданд, аммо аз тарси фарисиён иқрор накарданд, ки мабодо аз куништ ронда шаванд; Зеро ки ҷалоли мардумро бештар аз ҷалоли Худо дӯст медоштанд.
Инҷили Юҳанно 12:42-43
Тарсончакии одам ба дом меоварад, вале касе ки ба Худованд таваккал кунад, аз хатар эмин аст.
Масалҳо 29:25
Ҳар он чи Падар ба Ман ато кунад, назди Ман хоҳад омад, ва ҳар кӣ назди Ман ояд, бадар нахоҳам ронд.
Инҷили Юҳанно 6:37
Наи нимшикастаро нахоҳад шикаст, ва пилтаи катонии камнурро хомӯш нахоҳад кард; инсофро аз рӯи ростӣ ҷорӣ хоҳад намуд;
Ишаъё 42:3
Исо ба онҳо гуфт: «Ба сабаби беимонии шумо; зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар ба андозаи донаи хардале имон дошта бошед ва ба ин кӯҳ бигӯед: „Аз ин ҷо ба он ҷо кӯч кун“, он кӯч хоҳад кард; ва ҳеҷ чиз барои шумо ғайриимкон нахоҳад буд;
Инҷили Матто 17:20
Пас, эй фарзандон, дар Ӯ бимонед, то ки ҳангоми зоҳир шудани Ӯ мо ҷуръат дошта бошем ва ба ҳузури Ӯ дар вақти омадани Ӯ хиҷил нашавем.
1 Юҳанно 2:28
Пас, ҳар кӣ Маро дар назди мардум эътироф кунад, Ман низ ӯро дар назди Падари Худ, ки дар осмон аст, эътироф хоҳам кард;
Инҷили Матто 10:32
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
29 Июл 2026
Isaiah 64:1
28 Июл 2026
Ephesians 5:2
27 Июл 2026
2 Corinthians 4:4
26 Июл 2026
Hebrews 11:8
25 Июл 2026
1 John 3:14
24 Июл 2026
Romans 12:12
23 Июл 2026
1 Corinthians 15:24