Танҳо қасди он доранд, ки ӯро аз мартабааш сарнагун созанд; кизбро дӯст медоранд: бо забони худ баракат медиҳанд, вале андаруни худ лаънат мегӯянд. Село.
Забур 61:5
Нури рӯзона
Танҳо қасди он доранд, ки ӯро аз мартабааш сарнагун созанд; кизбро дӯст медоранд: бо забони худ баракат медиҳанд, вале андаруни худ лаънат мегӯянд. Село.
Забур 61:5
Ҳар олате ки бар зидди ту сохта шавад, муваффақият нахоҳад ёфт; ва ҳар забонеро, ки бар зидди ту ба мурофиа бархезад, айбдор хоҳӣ кард. Ин аст насибаи бандагони Худованд, ва сафед кардани онҳо аз ҷониби Ман аст», — мегӯяд Худованд.
Ишаъё 54:17
Зеро ки бе сабабе барои ман доми худро дар ҳафра пинҳон кардаанд; онро бе сабаб барои ҷонам кандаанд. Бигзор бар ӯ таҳлукаи ногаҳоние биёяд, ва доме ки пинҳон кардааст, худи ӯро бигирад; дар торикӣ дар он фурӯ ғалтад. Валекин ҷонам дар Худованд хурсандӣ хоҳад кард; дар наҷоти Ӯ шод хоҳам шуд. Хамаи устухонҳоям мегӯяд: Худовандо! Кист монанди Ту, ки камбағалро аз каси пурзӯртар аз вай халос мекунӣ, ва камбағалу мискинро аз ғораткунандаи вай!
Забур 34:7-10
Ман Туро мехонам, зеро ки Ту, эй Худо, маро иҷобат менамоӣ; гӯши Худро сӯи ман хам намо ва суханамро бишнав.
Забур 16:6
Вале барои шумо, эй тарсгорони исми Ман, офтоби адолат тулӯъ хоҳад намуд, ва дар шуоъҳои он шифо хоҳад буд; ва шумо берун омада, мисли гӯсолаҳои охурӣ ҷастухез хоҳед кард.
Малокӣ 4:2
Он Худое ки Писари Худро дареғ надоштааст, балки Ӯро барои ҳамаи мо таслим кардааст, чӣ гуна бо якҷоягии Ӯ ҳама чизро ба мо намебахшад?
Нома ба Румиён 8:32
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
28 Июл 2026
Ephesians 5:2
27 Июл 2026
2 Corinthians 4:4
26 Июл 2026
Hebrews 11:8
25 Июл 2026
1 John 3:14
24 Июл 2026
Romans 12:12
23 Июл 2026
1 Corinthians 15:24
22 Июл 2026
Romans 6:10