Инак, мо онҳоеро, ки сабр кардаанд, хушбахт мешуморем: шумо дар бораи сабри Айюб шунидаед ва анҷоми кори Худовандро дидаед, зеро ки Худованд раҳмон ва бахшанда аст.
Яъқуб 5:11
Нури рӯзона
Инак, мо онҳоеро, ки сабр кардаанд, хушбахт мешуморем: шумо дар бораи сабри Айюб шунидаед ва анҷоми кори Худовандро дидаед, зеро ки Худованд раҳмон ва бахшанда аст.
Яъқуб 5:11
Кӯҳҳоро аз кӯшкҳои фалакии Худ сероб мегардонӣ; аз самараи аъмоли Ту замин сер мешавад.
Забур 103:13
Дар торикӣ барои росткорон нур тулӯъ мекунад; бахшанда ва раҳим ва одил аст. Некӯст касе ки мебахшад ва қарз медиҳад; корҳои худро аз рӯи инсоф мураттаб менамояд.
Забур 111:4-5
Ерусалими ободон, ҳамчун шаҳре ки комилан ба ҳам пайвастааст, — Ки ба он ҷо сибтҳо, сибтҳои Худованд, сууд мекарданд, то ки, мувофиқи шаҳодати Исроил, исми Худовандро ҳамд гӯянд;
Забур 121:3-4
Чунон ки уқоб аҳли лонаи худро бедор карда, бар чӯҷаҳои худ мепарад, ва болҳои худро паҳн карда, онҳоро мегирад, ва бар болу пари худ бардошта мебарад, Ончунон Худованд танҳо варо ҳидоят намуд, ва худои бегонае бо вай набуд.
Такрори Шариат 32:11-12
Эҳсонҳои Худованд поён надорад, ва марҳаматҳои Ӯ беинтиҳост; Онҳо ҳар субҳ аз нав зоҳир мешавад: вафои Ту бузург аст.
Навҳаҳои Ирмиё 3:22-23
Ва Исо берун омада, анбӯҳи мардумро дид, ва ба онҳо раҳмаш омад, ва беморони онҳоро шифо дод.
Инҷили Матто 14:14
Исои Масеҳ дирӯз ва имрӯз ва то абад айни ҳамон аст.
ба Ибриён 13:8
Лекин ҳамаи мӯйҳои сари шумо низ шумурда шудааст;
Инҷили Матто 10:30
Оё ду гунҷишк ба як фулус фурӯхта намешавад? Ва ҳол он ки ягонтои онҳо бе хости Падари шумо ба замин намеафтад;
Инҷили Матто 10:29
Пас, натарсед: шумо аз бисьёр гунҷишкон бартарӣ доред.
Инҷили Матто 10:31
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
31 Июл 2026
2 Timothy 2:3
30 Июл 2026
Colossians 3:1
29 Июл 2026
Isaiah 64:1
28 Июл 2026
Ephesians 5:2
27 Июл 2026
2 Corinthians 4:4
26 Июл 2026
Hebrews 11:8
25 Июл 2026
1 John 3:14