Сешанбе, 11 Август 2026

Нури рӯзона

11 Авг 2026

Роҳи маскани нур чӣ гуна аст, ва макони торикӣ куҷост,

Айюб 38:19

Ва ин аст паёме ки мо аз Ӯ шунидаем ва ба шумо хабар медиҳем: Худо нур аст, ва дар Ӯ ҳеҷ зулмоте нест.

1 Юҳанно 1:5

То вақте ки Ман дар ҷаҳон ҳастам, нури ҷаҳонам».

Инҷили Юҳанно 9:5

Агар мо гӯем, ки бо Ӯ мушоракат дорем, вале дар зулмот мегардем, мо дурӯғ мегӯем ва бар тибқи ростӣ рафтор намекунем; Аммо агар дар нур мегашта бошем, чунон ки Ӯ дар нур аст, бо якдигар мушоракат дорем, ва Хуни Писари Ӯ Исои Масеҳ моро аз ҳар гуноҳ пок менамояд.

1 Юҳанно 1:6-7

Ва Падарро шукргузорӣ намоед, ки Ӯ моро ба мероси муқаддасон дар нур шарик гардонидааст, Ва Ӯ моро аз салтанати зулмот халосӣ дода, ба Малакути Писари маҳбуби Худ дохил кардааст, Ки дар Ӯ мо фидияе ба воситаи Хуни Ӯ ва омурзиши гуноҳҳоро пайдо кардаем,

Нома ба Қӯлассиён 1:12-14

You are all children of light, and children of the day. We don’t belong to the night, nor to darkness,

1 Thessalonians 5:5

Шумо нури ҷаҳон ҳастед. Шаҳре ки бар фарози кӯҳ воқеъ аст, наметавонад аз назар пинҳон шавад.

Инҷили Матто 5:14

Ҳамчунин бигзор нури шумо бар мардум битобад, то ки аъмоли неки шуморо дида, ба Падари шумо, ки дар осмон аст, ҳамду сано хонанд.

Инҷили Матто 5:16

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир