Панҷшанбе, 27 Август 2026

Нури рӯзона

27 Авг 2026

Ва сардори киштӣ назди ӯ омада, ба ӯ гуфт: «Туро чӣ шудааст, ки хобидаӣ? Бархез, Худои худро бихон; шояд, Худо моро ёд кунад, ва мо ба ҳалокат нарасем».

Юнус 1:6

Бархезед ва биравед, зеро ки ин ҷо оромгоҳи шумо нест; ба сабаби палид шуданаш он шуморо ба ҳалокат хоҳад расонид, ва ин ҳалокати сахте хохад буд.

Мико 2:10

Дар бораи он чи дар афроз аст, фикр кунед, на дар бораи он чи бар замин аст.

Нома ба Қӯлассиён 3:2

Валекин онҳое ки толиби маҳв кардани ҷони мананд, ба таҳтуттуроб хоҳанд рафт.

Забур 62:10

Алҳол дилҳо ва ҷонҳои худро омода намоед, то ки Худованд Худои худро ҷӯё бошед; ва бархоста, қудси Худованд Худоро бино кунед, то ки сандуқи аҳди Худованд ва колои муқаддаси Худоро ба хонае ки ба исми Худованд бино меёбад, бикӯчонед».

1 Вақоеънома 22:19

Пас вай рафта, бо саркоҳинон ва сардорон гуфтугӯ кард, ки чӣ сон Ӯро ба онҳо таслим кунад.

Инҷили Луқо 22:4

Пас, бохабар бошед аз худатон, ки мабодо дилҳои шумо аз пурхӯрӣ ва мастӣ ва ғамхӯриҳон зиндагӣ сахт шавад, ва он рӯз бар шумо ногаҳон ояд;

Инҷили Луқо 21:34

Чун домод дер монд, ҳама пинак рафта, хуфтанд.

Инҷили Матто 25:5

Зеро ки баъд аз андаке он Оянда хоҳад омад ва даранг нахоҳад кард.

ба Ибриён 10:37

Дар айни ҳол шумо вақтро медонед, ки аллакай соати аз хоб бедор шуданатон расидааст: зеро ки алҳол наҷоти мо назар ба он вақте ки имон овардем, наздиктар аст.

Нома ба Румиён 13:11

Пас, бедор бошед; зеро намедонед, ки соҳиби хона кай меояд, дар шом, ё ними шаб, ё ҳангоми бонги хурӯс, ё бомдодон; Мабодо ногаҳон омада, шуморо хуфта ёбад.

Инҷили Марқӯс 13:35-36

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир