Ҷумъа, 28 Август 2026

Нури рӯзона

28 Авг 2026

Ва Худованд Худо ҳар гуна дарахти хушнамуд ва хушхӯрро, ва дарахти ҳаётро дар васати боғ, ва дарахти маърифати неку бадро аз замин рӯёнид.

Ҳастӣ 2:9

Ва ин шаҳодат аз он иборат аст, ки Худо ба мо ҳаёти ҷовидонӣ ато намудааст, ва ин ҳаёт дар Писари Ӯст.

1 Юҳанно 5:11

Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад.

Инҷили Юҳанно 3:16

Зеро, ҳамчунон ки Падар мурдагонро эҳьё мекунад ва зинда мегардонад, Писар низ ончунон ҳар киро, ки хоҳад, зинда мегардонад.

Инҷили Юҳанно 5:21

Зеро, ҳамчунон ки Падар дар Худ ҳаёт дорад, ба Писар низ ончунон ато кардааст, ки дар Худ ҳаёт дошта бошад;

Инҷили Юҳанно 5:26

„Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳ ба калисоҳо чӣ мегӯяд: касе ки ғолиб ояд, ба вай ато хоҳам кард, ки аз дарахти ҳаёте ки дар биҳишти Худост, бихӯрад“».

Ваҳй Юҳанно 2:7

Дар миёнаи кӯчаи шаҳр, дар ҳар ду канори дарьё, дараҳти ҳаёт аст, ки дувоздаҳ мева меоварад, яъне ҳар моҳ меваи худро медиҳад; ва баргҳои дарахт барои муолиҷаи ҳалқҳост.

Ваҳй Юҳанно 22:2

Хушо касе ки ҳикмат пайдо кардааст, ва касе ки ба хирад ноил шудааст!

Масалҳо 3:13

Дар ямини он дарозии айём аст, ва дар дасти чапи он — сарват ва ҷалол.

Масалҳо 3:16

Барои касоне ки онро нигоҳ медоранд, нахли ҳаёт аст, — ва хушо касе ки онро маҳфуз медорад!

Масалҳо 3:18

Ва аз Ӯ шумо дар Исои Масеҳ ҳастед, ки барои мо ҳикмате аз ҷониби Худо, яъне адолат ва қудсият ва кафорат шудааст,

1 ба Қӯринтиён 1:30

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир