*ХИЗМАТ БА НАСЛИ ХУД* Маънои инсон будан
Сиёсатмадорон дар Австралия ба наздикӣ дар бораи «бӯҳрони мардонагӣ» сӯҳбат мекарданд. Вақте ки ман дар бораи «марди ҳақиқӣ» будан фикр кардам, дарк намудам, ки он аз зани ҳақиқӣ будан чандон фарқ надорад. Бӯҳрони воқеӣ дар марди ҳақиқӣ ё зани ҳақиқӣ будан нест, балки дар инсони ҳақиқӣ будан аст.
Имондорон инсонҳои ҳақиқӣ ҳастанд, ки шаҳрвандии дугона доранд; онҳо дар рӯи замин зиндагӣ мекунанд, аммо осмон хонаи аслии онҳост (Фил. 3:20). Вафодории онҳо ба Худо бояд дар рӯи замин зоҳир шавад. Пас, инсони ҳақиқӣ будан чӣ маъно дорад? Ман пешниҳод мекунам, ки инсони ҳақиқӣ касест, ки фурӯтанона ба насли худ хидмат мекунад (Ғал. 5:13). Саволҳои зерин нишон медиҳанд, ки чӣ тавр ин хидматро иҷро кардан мумкин аст.
Оё ман онҳоеро, ки барои таъминот ба ман такя мекунанд, таъмин мекунам? (1 Тим. 5:8)
- Оё ман онҳоеро, ки ба ҳимояи ман ниёз доранд, муҳофизат мекунам? (Луқ. 10:30-35)
- Оё ман ба онҳое, ки маслиҳати маро мехоҳанд, оқилона маслиҳат медиҳам? (Хур. 18:19)
- Оё ман ба одамони тезхашм ҳушдор медиҳам ва ба одамони дилшикаста тасаллӣ медиҳам? (1 Тас. 5:14)
- Оё ман бо онҳое, ки дилгиркунандаанд, сабр мекунам? (Эфс. 4:2)
- Оё ман ба онҳое, ки ба кӯмак, вақт ё пули ман ниёз доранд, саховатмандам? (2 Қӯр. 8:1-7)
- Оё ман бароҳатӣ ва осоиши худро барои кӯмак ба дигарон қурбон мекунам? (Мат. 25:37-40)
- Оё ман бо онҳое, ки маро ба хашм меоранд, мулоим ҳастам? (Фил. 4:5)
- Оё ман ба онҳое, ки бо ман розӣ нестанд, эҳтиром мегузорам? (Рум. 14:1-4)
- Оё ман онҳоеро, ки маро хафа мекунанд, мебахшам? (Қӯл. 3:13)
- Оё ман қувваи худро барои кӯмак ба онҳое, ки қувват надоранд, истифода мебарам? (Аъм. 20:35)
- Танҳо Худо метавонад ба мо биниш, қувват ва рӯҳбаландӣ диҳад, то ба Ӯ ҳамчун инсонҳои ҳақиқӣ содиқона хидмат кунем, дар ҳоле ки интизори рафтан ба хонаи аслии худ ҳастем.
Муаллиф номаълум






