Ту сар то по нозанин ҳастӣ, эй ёри ман! Ва нуқсоне дар ту нест.
Суруди Сурудҳо 4:7
Нури рӯзона

Ту сар то по нозанин ҳастӣ, эй ёри ман! Ва нуқсоне дар ту нест.
Суруди Сурудҳо 4:7
Чаро боз зарбу лат хӯред, чун маъсиятро давом диҳед? Тамоми сар дарднок аст, ва тамоми дил садчок. Аз кафи по то фарқи сар дар ӯ ҷои сиҳате нест: ҷароҳат ва реш ва захми хуншор, ки на пок карда шудааст, на баста шудааст ва на бо равған нарм гардонида шудааст.
Ишаъё 1:5–6
Ва ҳамаамон мисли палиде гардидаем, ва тамоми адолати мо мисли либоси чиркин аст; ва ҳамаамон мисли барг пажмурда шудаем, ва гуноҳҳоямон мисли боде моро бардошта мебарад.
Ишаъё 64:6
Зеро медонам, ки дар ман, яъне дар ҷисми ман, чизи нек мавҷуд нест; чунки майли кардани кори нек дар ман бошад ҳам, ёрои кардани он надорам.
Нома ба Румиён 7:18
Ва баъзе аз шумо чунин будед; аммо пок шудед, аммо қудсият пайдо кардед, аммо сафед шудед ба исми Худованди мо Исои Масеҳ ва ба Рӯҳи Худои мо.
1 ба Қӯринтиён 6:11
Ва номи ту ба сабаби ҳуснат дар миёни халқҳо шӯҳрат ёфт, зеро ки он ба хотири шавкате ки Ман ба ту бахшида будам, комил гардид, мегӯяд Худованд Худо.
Ҳизқиёл 16:14
Ба ӯ гуфтам: «Эй оғо, ту медонӣ». Ва ӯ ба ман гуфт: «Инҳо касоне ҳастанд, ки аз азоби азим омадаанд; инҳо либосҳои худро шуста, бо хуни Барра сафед кардаанд;
Ваҳй Юҳанно 7:14
Ва ба ҳузури Худ Калисоро дар ҷалоле тақдим кунад, ки на доғе дошта бошад, на нуқсоне, на чизе монанди ин, балки муқаддас ва беайб бошад.
Нома ба Эфсӯсиён 5:27
Шумо низ дар Ӯ пуррагӣ доред, ки Ӯ сари ҳар сарварӣ ва ҳукуматдорист;
Нома ба Қӯлассиён 2:10
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
8 Авг 2025
Масалҳо 4:18
7 Авг 2025
Инҷили Юҳанно 14:26
6 Авг 2025
Масалҳо 3:12
5 Авг 2025
Нома ба Румиён 6:4
4 Авг 2025
Инҷили Юҳанно 19:30
3 Авг 2025
Инҷили Луқо 1:50
2 Авг 2025
Ваҳй Юҳанно 13:8

Имон
Ҳаёт мусобиқа аст, аммо пирӯзӣ дар муваффақияти дунявӣ ёфт намешавад. Аз ноумедии Сулаймон ва имони Павлус…
Шогирдӣ
Бифаҳмед, ки чӣ маъно дорад, ки бо тамоми дил барои Масеҳ зиндагӣ кардан, аз гирифторӣ ба дунё озод будан…
Издивоҷ
Барои издивоҷи масеҳии Худо-писанд бо роҳнамоии Китоби Муқаддас оид ба издивоҷ ва машварати пеш аз издивоҷ…
Издивоҷ
Оё мард метавонад занашро барои бенаслӣ талоқ диҳад? Ҷавоби Китоби Муқаддасро дар бораи издивоҷ, талоқ ва…
Дунявият
Дунявият гуноҳи нозукест, ки метавонад ҳаёти масеҳиро фосид кунад. Бифаҳмед, ки чӣ тавр васвасаи онро…

Имон
Ҳаёт мусобиқа аст, аммо пирӯзӣ дар муваффақияти дунявӣ ёфт намешавад. Аз ноумедии Сулаймон ва имони Павлус…
Оила
Кашф кунед, ки чӣ тавр барои оилаи худ бунёди устувори рӯҳонӣ бунёд кунед. Ин дастур се блоки асосии…