Сешанбе, 2 Сентябр 2025

Нури рӯзона

2 Сен 2025

Wait for Yahweh. Be strong, and let your heart take courage. Yes, wait for Yahweh.

Psalms 27:14

Магар ту намедонӣ? Магар ту нашнидаӣ? Худованд, Худои ҷовид, ки ақсои заминро офаридааст, хаста намешавад ва лакот намегардад; хиради Ӯ таҳқиқнопазир аст. Ӯ хастаро қувват мебахшад, ва ба бемаҷол тавоноӣ афзун мекунад.

Ишаъё 40:28-29

Натарс, зеро ки Ман бо ту ҳастам; наларз, зеро ки Ман Худои ту ҳастам: Ман туро тақвият хоҳам намуд, ва туро ёварӣ хоҳам дод, ва туро бо ямини адолати Худ дастгирӣ хоҳам кард.

Ишаъё 41:10

Зеро ки Ту қалъае барои бенаво, қалъае барои мискин дар вақти тангии вай, паноҳгоҳе аз борони сел, сояе аз гармо будӣ; зеро ки нафаси қаҳролуди мустабидон мисли селоби деворшикан аст.

Ишаъё 25:4

Чун медонед, ки имтиҳони имони шумо сабрро ба вуҷуд меоварад; Ва сабр бояд амали комил дошта бошад, то ки шумо комил ва солим буда, ҳеҷ камбудие надошта бошед.

Яъқуб 1:3-4

Пас умеди худро тарк накунед, ки мукофоти бузурге ба он тааллуқ дорад. Зеро шуморо сабр лозим аст, то ки иродаи Худоро иҷро намуда, ваъдаро ба даст оваред;

ба Ибриён 10:35-36

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир