Аммо самари Рӯҳ инҳост: муҳаббат, шодмонӣ, осоиштагӣ, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, марҳамат, имон, Фурӯтанӣ, парҳезгорӣ. Ба инҳо шариат муқобил нест.
Нома ба Ғалотиён 5:22-23
Нури рӯзона
Аммо самари Рӯҳ инҳост: муҳаббат, шодмонӣ, осоиштагӣ, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, марҳамат, имон, Фурӯтанӣ, парҳезгорӣ. Ба инҳо шариат муқобил нест.
Нома ба Ғалотиён 5:22-23
Ва ҳалимон шодмонии худро дар Худованд афзун хоҳанд кард, ва мардуми мискин дар Қуддуси Исроил ба ваҷд хоҳанд омад.
Ишаъё 29:19
Ва гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар руҷӯъ накунед ва монанди кӯдакон нашавед, ба Малакути Осмон нахоҳед даромад. Пас, ҳар кӣ худро мисли ин кӯдак фурӯтан созад, дар Малакути Осмон вай бузургтар аст;
Инҷили Матто 18:3-4
Балки одамияти ботинии самимӣ дар рӯҳи ҳалиму сокити бефано бошад, ки ин дар назари Худо гаронбаҳост,
1 Петрус 3:4
Муҳаббат пуртоқат ва бошафқат аст, муҳаббат ҳасад намебарад, муҳаббат бо худ намеболад, мағрур намешавад,
1 ба Қӯринтиён 13:4
But you, man of God, flee these things, and follow after righteousness, godliness, faith, love, perseverance, and gentleness.
1 Timothy 6:11
Юғи Маро ба гардани худ гиред ва аз Ман таълим ёбед, зеро ки Ман ҳалим ва фурӯтан ҳастам, ва ҷонҳои шумо оромӣ хоҳад ёфт;
Инҷили Матто 11:29
Ӯ ситам кашид, вале гардан фуровард, ва даҳони Худро воз накард; мисли гӯсфанде ки барои забҳ бурда мешавад, ва мисли баррае ки назди пашмтарошонаш безабон аст, Ӯ ҳамчунон даҳони Худро воз накард;
Ишаъё 53:7
Зеро ки шумо барои ҳамин даъват карда шудаед, чунки Масеҳ низ барои шумо уқубат кашида, ба шумо намунаи ибрат боқӣ гузошт, то ки аз паи Ӯ равона шавед: Ӯ гуноҳе накардааст, ва дар забонаш макре набуд; Гирифтори бадгӯӣ гардида, Ӯ ҷавобан бадгӯӣ намекард; азоб кашида, таҳдид намекард, балки Худро ба Довари Одил месупурд;
1 Петрус 2:21-23
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
31 Авг 2025
Romans 5:16
30 Авг 2025
Esther 5:2
29 Авг 2025
Proverbs 16:20
28 Авг 2025
Revelation 12:10
27 Авг 2025
Psalms 119:105
26 Авг 2025
Exodus 28:36
25 Авг 2025
Isaiah 51:1