Панҷшанбе, 4 Сентябр 2025

Нури рӯзона

4 Сен 2025

Гуфт: «Ором бинишин, духтарам, то бидонӣ, ки кор чӣ гуна анҷом хоҳад ёфт; зеро ки он мард то ин корро имрӯз буд накунад, сокит нахоҳад шуд».

Рут 3:18

Ва ба Ӯ бигӯй: худдорӣ намо ва ором бош; натарс, ва дили ту аз ин ду кундаи нимсӯзи пурдуд, яъне аз шиддати ғазаби Расин ва Арам ва писари Рамальёҳу хавотир нашавад.

Ишаъё 7:4

Мирони қавмҳо назди қавми Худои Иброҳим ҷамъ омадаанд, зеро ки сипарҳои замин аз они Худост; Ӯ бениҳоят баланд аст.

Забур 46:10

Исо ба вай гуфт: «Оё ба ту нагуфтам, ки агар имон оварӣ, ҷалоли Худоро хоҳӣ дид?»

Инҷили Юҳанно 11:40

Ва ҳавобаландии инсон паст, ва ғурури мардон залил хоҳад шуд, ва танҳо Худованд дар он рӯз баланд хоҳад буд.

Ишаъё 2:17

Вай Марьям ном хоҳаре дошт, ки пеши пойҳои Исо нишаста, каломи Ӯро гӯш мекард.

Инҷили Луқо 10:39

Аммо фақат як чиз лозим аст. Марьям қисмати некӯро баргузидааст, ки он аз вай кашида гирифта намешавад».

Инҷили Луқо 10:42

Зеро ки Худованд Худо, Қуддуси Исроил чунин мегӯяд: «Бо тавба ва фароғат наҷот меёфтед; қуввати шумо дар оромӣ ва эътимод мебуд»; вале шумо нахостед.

Ишаъё 30:15

Вале бидонед, ки Худованд порсоёнро барои Худ ҷудо кардааст; Худованд мешунавад, вақте ки Ӯро мехонам.

Забур 4:4

Бисьёр хамидақомат ва сархам шудаам, тамоми рӯз тирарӯ шуда мегардам;

Забур 37:7

Бенаворо аз хок мебардорад, мискинро аз ахлот баланд мекунад, То ки бо мирон шинонад, бо мирони қавми Худ.

Забур 112:7-8

Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: «Инак, Ман дар Сион санге барои буньёд гузоштам, ки санги озмуда, санги зовия ва гаронбаҳост, ва асоси мустаҳкаме дорад; ҳар кӣ имон оварад, таъҷил нахоҳад намуд.

Ишаъё 28:16

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир