Зеро, чунон ки бадан як аст, лекин узвҳои бисьёр дорад, ва ҳамаи узвҳои як бадан, агарчи бисьёранд, як баданро ташкил мекунанд, — ончунон Масеҳ низ.
1 ба Қӯринтиён 12:12
Нури рӯзона
Зеро, чунон ки бадан як аст, лекин узвҳои бисьёр дорад, ва ҳамаи узвҳои як бадан, агарчи бисьёранд, як баданро ташкил мекунанд, — ончунон Масеҳ низ.
1 ба Қӯринтиён 12:12
Ва Ӯ сари бадан, яъне Калисост; Ӯ навбар ва нахустзода аз мурдагон аст, то ки дар ҳама чиз Ӯ аввалин бошад,
Нома ба Қӯлассиён 1:18
Ва ҳама чизро зери пойҳои Ӯ тобеъ намуд, ва Ӯро чун сари ҳама чиз ба Калисо дод, Ки он Бадани Ӯст, пуррагии Ӯст, ки ҳама чизро дар ҳама пур мекунад.
Нома ба Эфсӯсиён 1:22-23
Чунки мо андоми Бадани Ӯ ҳастем, аз гӯшти Ӯ ва аз устухонҳои Ӯ.
Нома ба Эфсӯсиён 5:30
Бинобар ин Масеҳ ба ҷаҳон дохил шуда, мегӯяд: «Қурбонӣ ва ҳадияро Ту нахостӣ, балки бадане барои Ман муҳайё намудӣ;
ба Ибриён 10:5
Your eyes saw my body. In your book they were all written, the days that were ordained for me, when as yet there were none of them.
Psalms 139:16
Исми Туро ба одамоне ки аз ҷаҳон ба Ман ато кардӣ, шиносондам; онҳо аз они Ту буданд, ва Ту онҳоро ба Ман ато кардӣ, ва онҳо каломи Туро риоят кардаанд;
Инҷили Юҳанно 17:6
Чунон ки моро пеш аз таъсиси ҷаҳон дар Ӯ баргузидааст, то ки ба ҳузури Ӯ дар муҳаббат муқаддас ва беайб бошем.
Нома ба Эфсӯсиён 1:4
Зеро ҳар киро, ки Ӯ пешакӣ шинохтааст, онҳоро низ пешакӣ муайян кардааст, ки ба сурати Писараш монанд шаванд, то ки Ӯ дар миёни бародарони бисьёр нахустзода бошад;
Нома ба Румиён 8:29
Балки дар муҳаббат ростиро баён намуда, мо дар ҳар чиз ба Он ки Сар аст, яъне ба Масеҳ нумӯ ёбем. Аз Ӯ тамоми Бадан, ба воситаи ҳар навъ пайвандҳои тақвияткунанда мустаҳкам ва пайваст шуда, бо амали ҳар андоми ҷудогона ба андозаи хоси он, афзоиш меёбад, то ки худро дар муҳаббат бино кунад.
Нома ба Эфсӯсиён 4:15-16
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
4 Сен 2025
Ruth 3:18
3 Сен 2025
Exodus 13:7
2 Сен 2025
Psalms 27:14
1 Сен 2025
Galatians 5:22-23
31 Авг 2025
Romans 5:16
30 Авг 2025
Esther 5:2
29 Авг 2025
Proverbs 16:20