Дилҳои худро сӯи Худое ки дар осмон аст, бо дастҳо боло кунем:
Навҳаҳои Ирмиё 3:41
Нури рӯзона
Дилҳои худро сӯи Худое ки дар осмон аст, бо дастҳо боло кунем:
Навҳаҳои Ирмиё 3:41
Туро чӣ шуд, эй баҳр, ки гурехтӣ? Ва эй Урдун, ки қафо гаштӣ? Ва эй кӯҳҳо, ки мисли қӯчқорон ҷастухез кардед, ва эй талҳо, ки мисли барраҳо?
Забур 113:5-6
Таронаи Довуд. Маро дар доварӣ ҳимоят намо, эй Худованд, зеро ки ман дар беайбии худ рафтор кардаам, ва ба Худованд таваккал намудаам, пас пешпо нахоҳам хӯрд.
Забур 25:1
Барқҳоро барқ занонда, онҳоро пароканда соз; тирҳои Худро фиристода, онҳоро ҳаросон намо. Дасти Худро аз афроз бифрист; маро бираҳон ва маро аз обҳои бисьёр халосӣ деҳ, яъне аз дасти мардуми аҷнабӣ, Ки даҳонашон суханони ботил мегӯяд, ва яминашон ямини бардурӯғ аст.
Забур 143:6-8
Маро аз қасди бадкешон пинҳон бикун, ва аз ҳаёҳуи бадкирдорон, Ки забони худро мисли шамшер тез кардаанд, тирҳои худ — суханони талхро ба зеҳ овардаанд,
Забур 63:3-4
«Ба орифони Худ Раҳаб ва Бобилро зикр хоҳам кард; инак замини Фалиштӣ, ва Сӯр бо Ҳабаш; фалонӣ дар он ҷо таваллуд шудааст». Вале дар ҳаққи Сион гуфта хоҳад шуд: «Фалон одам ва фалон одам дар он таваллуд шудааст; ва Худи Ҳаққи Таоло онро барпо кардааст».
Забур 86:4-5
Ва ҳар чиро, ки ба исми Ман биталабед, ба ҷо хоҳам овард, то ки Падар дар Писар ҷалол ёбад;
Инҷили Юҳанно 14:13
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
5 Сен 2025
1 Corinthians 12:12
4 Сен 2025
Ruth 3:18
3 Сен 2025
Exodus 13:7
2 Сен 2025
Psalms 27:14
1 Сен 2025
Galatians 5:22-23
31 Авг 2025
Romans 5:16
30 Авг 2025
Esther 5:2