Бинобар ин мо метавонем далерона бигӯем: «Худованд мададгори ман аст, ва ҳаросон нахоҳам шуд: одамизод ба ман чӣ метавонад бикунад?»
ба Ибриён 13:6
Нури рӯзона
Бинобар ин мо метавонем далерона бигӯем: «Худованд мададгори ман аст, ва ҳаросон нахоҳам шуд: одамизод ба ман чӣ метавонад бикунад?»
ба Ибриён 13:6
Кӣ моро аз муҳаббати Масеҳ ҷудо мекунад? Оё андӯҳ, ё фалокат, ё таъқибот, ё гуруснагӣ, ё бараҳнагӣ, ё хатар, ё шамшер?
Нома ба Румиён 8:35
Аммо бар ҳамаи ин мо ба воситаи Дӯстдорамон пурра ғолиб меоем.
Нома ба Румиён 8:37
Ва Ман ба шумо, эй дӯстонам, мегӯям: аз кушандагони ҷисм, ки қодир нестанд баъд аз он ягон кори дигаре бикунанд, натарсед; Лекин ба шумо нишон медиҳам, ки аз кӣ тарсидан лозим аст: аз Ӯ ҳаросон бошед, ки баъд аз куштан қодир аст ба дӯзаҳ андозад; оре, ба шумо мегӯям, ки аз Ӯ тарсед.
Инҷили Луқо 12:4-5
Хушо таъқибшудагон дар роҳи адолат, зеро ки Малакути Осмон аз они онҳост. Хушо шумо, вақте ки шуморо ба хотири Ман дашном диҳанд ва таъқиб намоянд ва барноҳақ ҳар навъ ғайбат кунанд. Шод ва хушҳол бошед, чунки мукофоти шумо дар осмон бузург аст: зеро ки анбиёи пеш аз шуморо низ ҳамин тавр таъқиб мекарданд.
Инҷили Матто 5:10-12
Лекин ба ин чизҳо нигоҳ намекунам ва ҷони худро азиз намедорам, балки муроди ман фақат ин аст, ки вазифаи худро ва он ҳизматеро, ки Исои Худованд ба ман супурдааст, яъне мавъизаи Инҷили файзи Худоро ба хушӣ анҷом диҳам.
Аъмоли Ҳаввориён 20:24
I will also speak of your statutes before kings, and will not be disappointed.
Psalms 119:46
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
7 Окт 2025
Psalms 25:9
6 Окт 2025
Revelation 19:6
5 Окт 2025
Psalms 50:15
4 Окт 2025
Exodus 34:29
3 Окт 2025
Revelation 1:5
2 Окт 2025
Leviticus 16:22
1 Окт 2025
Galatians 5:22-23