Ва аз гӯш додан сар тофтанд,
ва мӯъҷизоти Туро, ки барои онҳо ба амал овардӣ,
ба ёд наоварданд, ва гарданкашӣ карданд, ва исьён бардошта,
пешвоеро барои худ баргузиданд, то ки ба ғуломии худ баргарданд;
вале Ту Худои ғаффор, карим ва раҳим,
собир ва пур аз эҳсон ҳастӣ, ва онҳоро тарк накардӣ.
Наҳемьё 9:17
Худованд дар иҷрои ваъда таъхир наменамояд, чунон ки баъзе касон инро таъхир ҳисоб мекунанд; балки ба шумо пурсабрӣ зоҳир менамояд ва намехоҳад, ки касе нобуд шавад, балки ҳама ба тавба рӯ оваранд.
2 Петрус 3:9
Ва пурсабрии Худованди моро наҷот ҳисоб кунед, чунон ки бародари маҳбуби мо Павлус низ, аз рӯи ҳикмате ки ба ӯ ато шудааст, ба шумо навиштааст,
2 Петрус 3:15
However, for this cause I obtained mercy, that in me first, Jesus Christ might display all his patience, for an example of those who were going to believe in him for eternal life.
1 Timothy 1:16
Зеро ҳар он чи пештар навишта шудааст, барои омӯхтани мо навишта шудааст, то ки мо аз Навиштаҳо сабр ва тасаллӣ пайдо карда, умедвор бошем.
Нома ба Румиён 15:4
Ё ки ту ба фаровонии меҳрубонӣ, ҳилм ва пурсабрии Ӯ беэътиноӣ мекунӣ, бехабар аз он ки меҳрубонии Худо туро ба роҳи тавба ҳидоят менамояд?
Нома ба Румиён 2:4
Ва дилҳои худро чок кунед ва на либосҳои худро».
Ва сӯи Худованд Худои худ руҷӯъ намоед;
зеро ки Ӯ карим ва раҳим,
собир ва пур аз эҳсон аст,
ва аз бадӣ пушаймон мешавад.
Юил 2:13