Сешанбе, 28 Октябр 2025

Нури рӯзона

28 Окт 2025

Ва дид, ки одаме нест, ва тааҷҷуб намуд, ки пуштибоне нест; ва бозуи Ӯ ба Ӯ мададгор шуд, ва адолати Ӯ Ӯро дастгирӣ намуд.

Ишаъё 59:16

Душманонам дар ҳаққи ман суханони бад мегӯянд: «Ӯ кай мемирад, то ки номаш гум шавад?» Ва агар касе ба иёдати ман биёяд, сухани дурӯғ мегӯяд; дили вай дар худ ғайбат ҷамъ мекунад, ва хамин ки берун рафт, ба гапу калоча шурӯъ менамояд. Ҳамаи бадхоҳонам бо ҳамдигар дар ҳаққи ман пичир‐пичир мекунанд, бар зидди ман бадӣ меандешанд:

Забур 40:6-8

Аз ин сабаб Падар Маро дӯст медорад, ки Ман ҷони Худро фидо мекунам, то ки онро боз ёбам; Ҳеҷ кас онро аз Ман намегирад, балки Худи Ман онро фидо мекунам: қудрат дорам, ки онро фидо кунам, ва қудрат дорам, ки онро боз ёбам; ин ҳукмро аз Падари Худ гирифтаам».

Инҷили Юҳанно 10:17-18

Бигӯед, ва пешниҳод кунед, ва бо ҳам машварат намоед: кист, ки инро аз қадимулайём эълон намуда, аз он замон пешакӣ гуфтааст? Оё на Ман, ки Худованд ҳастам? Ва ғайр аз Ман Худои дигаре нест, — Худои одил ва наҷотдиҳандае ҷуз аз Ман нест. Ба Ман руҷӯъ намоед ва наҷот хоҳед ёфт, эй тамоми ақсои замин! Зеро ки Ман Худо ҳастам, ва дигаре нест.

Ишаъё 45:21-22

Дар ҳеҷ каси дигар наҷот нест, ва дар зери осмон ҳеҷ исми дигаре ба одамон ато нашудааст, то ки ба василаи он наҷот ёбем».

Аъмоли Ҳаввориён 4:12

Зеро шумо файзи Худованди мо Исои Масеҳро медонед, ки Ӯ сарватдор буда, барои шумо бенаво шуд, то ки шумо ба воситаи бенавоии Ӯ сарватдор шавед.

2 ба Қӯринтиён 8:9

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир