Даҳонаш ширинсухан аст, ва ӯ сар то по фаттон аст; чунин аст маҳбуби ман, ва чунин аст ёри ман, эй духтарони Ерусалим!
Суруди Сурудҳо 5:16
Нури рӯзона
Даҳонаш ширинсухан аст, ва ӯ сар то по фаттон аст; чунин аст маҳбуби ман, ва чунин аст ёри ман, эй духтарони Ерусалим!
Суруди Сурудҳо 5:16
Гуфт, ва малах пайдо шуд, ва кирмак, ки сону шумор надошт.
Забур 104:34
Маҳбуби ман сафедпӯст ва сурхрухсор аст, бар беваре баланд бардошта шудааст.
Суруди Сурудҳо 5:10
Зеро ки дар Навишта гуфта шудааст: «Инак, Ман дар Сион санги зовия мегузорам, ки баргузида ва гаронбаҳост; ва касе ки ба Он имон оварад, хиҷил наҳоҳад шуд».
1 Петрус 2:6
Худо паноҳгоҳ ва қуввати мост, мададгоре ки дар тангиҳо зуд пайдо мешавад;
Забур 45:2
Бинобар ин Худо низ Ӯро сарафроз кард ва ба Ӯ номе дод, ки аз ҳар ном болотар аст,
Нома ба Филиппиён 2:9
Зеро писандидаи Худо ҳамин буд, ки тамоми илоҳият дар Ӯ сокин бошад,
Нома ба Қӯлассиён 1:19
Шумо Ӯро надида дӯст медоред, ва агарчи Ӯро ҳанӯз надидаед, ба Ӯ имон меоваред ва бо шодмонии молокалом ва пур аз ҷалол шодӣ мекунед
1 Петрус 1:8
Ва ҳанӯз ҳамаашро ба ҳотири афзалияти дониши Худованди ман Исои Масеҳ нуқсон медонам, ки барои Ӯ ман аз ҳамааш даст кашидам ва ҳамаашро ахлот медонам, то ки Масеҳро пайдо кунам Ва дар Ӯ пайдо шавам, на бо адолати худ, ки аз шариат аст, балки бо он чи ба воситаи имон ба Масеҳ аст, яъне бо адолате ки аз Худо бар ҳасби имон аст,
Нома ба Филиппиён 3:8-9
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
28 Окт 2025
Isaiah 59:16
27 Окт 2025
Matthew 8:17
26 Окт 2025
Psalms 99:1
25 Окт 2025
Matthew 28:20
24 Окт 2025
Jonah 2:4
23 Окт 2025
Luke 12:15
22 Окт 2025
Psalms 108:1