Хушо касе ки маро мешунавад, ҳар рӯз назди дарвозаи ман бедор меистад ва паҳлудариҳои маро нигаҳбонӣ мекунад!
Масалҳо 8:34
Нури рӯзона
Хушо касе ки маро мешунавад, ҳар рӯз назди дарвозаи ман бедор меистад ва паҳлудариҳои маро нигаҳбонӣ мекунад!
Масалҳо 8:34
Агар Худованд бо мо намебуд, вақте ки одамон бар мо қиём карданд,
Забур 123:2
Ин — қурбонии сӯхтании доимӣ дар наслҳои шумо назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ ба хузури Худованд хоҳад буд, ки дар он ҷо ба шумо зоҳир хоҳам шуд, то ки дар он ҷо ба ту сухан гӯям.
Хуруҷ 29:42
Қурбонгоҳи хокӣ барои Ман бисоз, ва қурбониҳои сӯхтании худ ва қурбониҳои саломатии худро аз гӯсфандон ва говони худ бар он тақдим намо; дар ҳар ҷое ки Ман зикри исми Худро муқаррар намоям, Ман назди ту омада, туро баракат хоҳам дод.
Хуруҷ 20:24
Зеро дар ҷое ки ду ё се кас ба исми Ман ҷамъ шаванд, Ман дар миёни онҳо ҳастам».
Инҷили Матто 18:20
Лекин соате мерасад, ва аллакай расидааст, ки парастандагони ҳақиқӣ Падарро ба рӯҳ ва ростӣ парастиш хоҳанд кард, зеро ки Падар толиби ин гуна парастандагони Худ мебошад: Худо рӯҳ аст, ва онҳое ки Ӯро парастиш мекунанд, бояд ба рӯҳ ва ростӣ парастиш кунанд».
Инҷили Юҳанно 4:23-24
Дар ҳар вақт дар Рӯҳ бо ҳар дуо ва илтимос дуо гӯед, ва ҳушьёр ва босабот буда, ҳамеша дар бораи ҳамаи муқаддасон илтимос кунед,
Нома ба Эфсӯсиён 6:18
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
31 Окт 2025
Zechariah 4:6
30 Окт 2025
Lamentations 3:26
29 Окт 2025
Song of Solomon 5:16
28 Окт 2025
Isaiah 59:16
27 Окт 2025
Matthew 8:17
26 Окт 2025
Psalms 99:1
25 Окт 2025
Matthew 28:20