Хуб мешавад, ки ба наҷоти Худованд сокитона умедвор бошанд.
Навҳаҳои Ирмиё 3:26
Нури рӯзона
Хуб мешавад, ки ба наҷоти Худованд сокитона умедвор бошанд.
Навҳаҳои Ирмиё 3:26
Банӣ‐Эфроим, ки мусаллаҳ ва камондор буданд, дар рӯзи корзор ақиб гаштанд;
Забур 77:9
Магар Худо баргузидагони Худро, ки рӯзу шаб ба даргоҳи Ӯ зорию илтиҷо мекунанд, муҳофизат намекунад, гарчанде ки дар муҳофизати онҳо таъхир менамояд? Ба шумо мегӯям, ки ба зудӣ онҳоро муҳофизат хоҳад кард. Лекин вақте ки Писари Одам биёяд, оё имонро бар замин ҳоҳад ёфт?»
Инҷили Луқо 18:7-8
Нагӯй: «Барои бадӣ интиқом мегирам»; ба Худованд таваккал намо, ва Ӯ туро наҷот медиҳад.
Масалҳо 20:22
Бисьёр хамидақомат ва сархам шудаам, тамоми рӯз тирарӯ шуда мегардам;
Забур 37:7
Дар ин ҷанг шумо нахоҳед ҷангид; шумо, эй Яҳудо ва Ерусалим, бархоста биистед, ва наҷоти Худовандро, ки бо шумо хоҳад буд, бубинед! Натарсед ва ҳаросон нашавед! Фардо ба муқобили онҳо берун оед, ва Худованд бо шумо хоҳад буд“».
2 Вақоеънома 20:17
Ва мо некӣ карда, ноумед нашавем; зеро ки дар вақташ хоҳем даравид, агар сустӣ накунем.
Нома ба Ғалотиён 6:9
Пас, эй бародарон, то вақти омадани Худованд пурсабр бошед. Инак, зироаткор самараи гаронбаҳои заминро интизор мешавад ва барои ин бисьёр сабр мекунад, то даме ки борони аввалин ва охирин биборад.
Яъқуб 5:7
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
29 Окт 2025
Song of Solomon 5:16
28 Окт 2025
Isaiah 59:16
27 Окт 2025
Matthew 8:17
26 Окт 2025
Psalms 99:1
25 Окт 2025
Matthew 28:20
24 Окт 2025
Jonah 2:4
23 Окт 2025
Luke 12:15