Ва ӯ ба ман ҷавоб гардонда, гуфт: «Ин каломи Худованд аст, ки барои Зарубобил гуфта шудааст: на бо ҷасорат ва на бо қувват, балки бо Рӯҳи Ман, мегӯяд Худованди лашкарҳо.
Закариё 4:6
Нури рӯзона
Ва ӯ ба ман ҷавоб гардонда, гуфт: «Ин каломи Худованд аст, ки барои Зарубобил гуфта шудааст: на бо ҷасорат ва на бо қувват, балки бо Рӯҳи Ман, мегӯяд Худованди лашкарҳо.
Закариё 4:6
Кист, ки рӯҳи Худовандро андоза намудааст, ва мушовири Ӯ гардидааст, ва Ӯро таълим додааст?
Ишаъё 40:13
Лекин Худо ҷоҳилони ҷаҳонро баргузид, то ки ҳакимонро шарманда кунад, ва нотавонони ҷаҳонро баргузид, то ки тавонгаронро шарманда кунад; Ва Худо бекасони ҷаҳон ва ҳақиронро, ва он чиро, ки номавҷуд аст, баргузид, то ки мавҷудро ботил кунад, — Барои он ки ҳеҷ ҷисме дар пеши Худо фахр накунад.
1 ба Қӯринтиён 1:27-29
Бод ҳар ҷо ки хоҳад мевазад, ту овози онро мешунавӣ, лекин намедонӣ, ки аз куҷо меояд ва ба куҷо меравад: чунин аст ҳолати ҳар кӣ аз Рӯҳ таваллуд ёфта бошад».
Инҷили Юҳанно 3:8
Ки на аз хун, на аз хоҳиши ҷисм, на аз хоҳиши марде, балки аз Худо таваллуд ёфтаанд.
Инҷили Юҳанно 1:13
Бар тибқи каломи аҳде ки дар вақти берун омаданатон аз Миср бо шумо баста будам, ҳангоме ки Рӯҳи Ман андаруни шумо буд. Ҳаросон набошед!
Ҳаҷҷай 2:5
Ва ӯ гуфт: «Гӯш андозед, эй тамоми Яҳудо ва сокинони Ерусалим ва подшоҳ Еҳӯшофот! Худованд ба шумо ҷунин мегӯяд: „Шумо аз ин анбӯҳи бузург натарсед ва ҳаросон нашавед, зеро ки ин ҷанг аз они шумо нест, балки аз они Худост.
2 Вақоеънома 20:15
Ва тамоми ни ҷамоат хоҳанд донист, ки Худованд на бо шамшер ва найза наҷот медиҳад, балки ин ҷанги Худованд аст, ва Ӯ шуморо ба дасти мо хоҳад супурд».
1 Подшоҳон 17:47
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
30 Окт 2025
Lamentations 3:26
29 Окт 2025
Song of Solomon 5:16
28 Окт 2025
Isaiah 59:16
27 Окт 2025
Matthew 8:17
26 Окт 2025
Psalms 99:1
25 Окт 2025
Matthew 28:20
24 Окт 2025
Jonah 2:4