Ва аз гуноҳ фориғ шуда, бандагони адолат гардидаед.
Нома ба Румиён 6:18
Нури рӯзона
Ва аз гуноҳ фориғ шуда, бандагони адолат гардидаед.
Нома ба Румиён 6:18
Ҳеҷ кас ба ду оғо хизмат карда наметавонад: зеро ки ё аз яке нафрат карда, дигареро дӯст хоҳад дошт, ё ба яке часпида, дигареро хор хоҳад дид. Шумо наметавонед ба Худо ва ба мамуно хизмат кунед.
Инҷили Матто 6:24
Зеро вақте ки шумо бандагони гуноҳ будед, аз адолат фориғ будед. Пас он вақт чӣ самаре доштед? Корҳое мекардед, ки ҳоло аз онҳо шарм доред, чунки анҷоми онҳо мамот аст. Лекин ҳоло, ки аз гуноҳ фориғ шуда, бандагони Худо гардидаед, самари шумо қудсият аст, ва анҷоми кор ҳаёти ҷовидонист.
Нома ба Румиён 6:20-22
Чунки Масеҳ анҷоми шариат аст барои адолати ҳар касе ки имон меоварад.
Нома ба Румиён 10:4
Ҳар кӣ ба Ман хизмат мекунад, бояд Маро пайравӣ намояд; ва ҳар куҷо ки бошам, ҳодими Ман низ он ҷо хоҳад буд; ва ҳар кӣ ба Ман хизмат мекунад, Падар вайро мӯҳтарам хоҳад дошт.
Инҷили Юҳанно 12:26
Юғи Маро ба гардани худ гиред ва аз Ман таълим ёбед, зеро ки Ман ҳалим ва фурӯтан ҳастам, ва ҷонҳои шумо оромӣ хоҳад ёфт; Зеро юғи Ман хуш ва бори Ман сабук аст».
Инҷили Матто 11:29-30
Худовандо, Худои мо! Ҳокимон ба ғайр аз Ту бар мо салтанат меронданд, аммо танҳо ба Ту умед баста, исми Туро зикр менамудем.
Ишаъё 26:13
I run in the path of your commandments, for you have set my heart free.
Psalms 119:32
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
24 Ноя 2025
Luke 8:21
23 Ноя 2025
Proverbs 1:33
22 Ноя 2025
Jude 20
21 Ноя 2025
John 6:37
20 Ноя 2025
Micah 7:8
19 Ноя 2025
Matthew 7:20
18 Ноя 2025
Isaiah 27:8