It is good for me that I have been afflicted, that I may learn your statutes.
Psalms 119:71
Нури рӯзона
It is good for me that I have been afflicted, that I may learn your statutes.
Psalms 119:71
Ва агарчи Писар буд, ба василаи уқубатҳо ба итоат омӯхта шуд,
ба Ибриён 5:8
Ва агар фарзандонаш бошем, ворисонаш низ ҳастем: ворисони Худо ва ҳамирсони Масеҳ ҳастем, агар ҳақиқатан бо Ӯ азобу уқубат кашем, то ки бо Ӯ низ ҷалол ёбем. Зеро, ба ақидаи ман, азобу уқубатҳои замони ҳозира назар ба он ҷалоле ки дар мо зоҳир хоҳад шуд, ҳеҷ аст.
Нома ба Румиён 8:17-18
Зеро роҳеро, ки бар он истодаам, Ӯ медонад; агар маро меозмуд, мисли тилло мебаромадам. Пои ман изи қадами Ӯро гирифта рафтааст: тариқи Ӯро нигоҳ доштаам, ва аз он сар натофтаам.
Айюб 23:10-11
Ва дар хотир нигоҳ дор тамоми роҳеро, ки Худованд Худои ту ин чил сол туро бо он дар биёбон бурд, то ки туро азият дода, биозмояд, ва он чиро, ки дар дили туст, бидонад, ки оё аҳкоми Ӯро риоят хоҳӣ кард ё не?
Такрори Шариат 8:2
Пас, андар дили худ дарк намо, ки чунон ки падар писари худро таъдиб мекунад, Худованд Худои ту ончунон туро таъдиб кард. Пас, ту аҳкоми Худованд Худои худро риоят бикун, то ки бо роҳҳои Ӯ равона шавӣ ва аз Ӯ битарсӣ.
Такрори Шариат 8:5-6
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
4 Дек 2025
Job 28:12
3 Дек 2025
Job 5:8
2 Дек 2025
1 John 2:20
1 Дек 2025
Isaiah 32:2
30 Ноя 2025
Revelation 1:4
29 Ноя 2025
Psalms 65:4
28 Ноя 2025
James 2:26