Шанбе, 6 Декабр 2025

Нури рӯзона

6 Дек 2025

Зеро ки Худо дар шумо, бо ҳусни таваҷҷӯҳи Худ, ҳам хоҳиш ва ҳам амалро ба вуҷуд меоварад.

Нома ба Филиппиён 2:13

На ба он сабаб ки мо лаёқат дорем чизеро аз худ фикр кунем, ки он гӯё аз мо бошад, балки лаёқати мо аз Худост,

2 ба Қӯринтиён 3:5

Яҳьё дар ҷавоб гуфт: «Кас наметавонад чизе ба зиммаи худ бигирад, магар ин ки аз осмон ба вай дода шавад.

Инҷили Юҳанно 3:27

Ҳеҷ кас наметавонад назди Ман ояд, магар ин ки Падаре ки Маро фиристод, вайро ҷалб кунад; ва Ман вайро дар рӯзи вопасин эҳьё хоҳам кард.

Инҷили Юҳанно 6:44

Ва Ман ба онҳо як дил ва як роҳ хоҳам дод, то ки ба манфиати худашон ва фарзандонашон, ки баъд аз онҳо хоҳанд буд, ҳамеша аз Ман битарсанд.

Ирмиё 32:39

Эй бародарони маҳбуби ман, фирефта нашавед. Ҳар як инъоми нек ва ҳар як бахшоиши комил аз боло, аз ҷониби Падари нурҳо нозил мешавад, ки дар Ӯ тағьироте ва ҳеҷ дигаргуние мавҷуд нест. Ӯ, бар ҳасби хости Худ, моро ба василаи каломи ростӣ ба дуньё овард, то ки як навъ навбари офаридаҳои Ӯ бошем.

Яъқуб 1:16-18

Зеро ки мо офаридаи Ӯ ҳастем ва дар Исои Масеҳ барои аъмоли нек, ки иҷрои онҳоро Худо пешакӣ барои мо таъин намудааст, ба вуҷуд оварда шудаем.

Нома ба Эфсӯсиён 2:10

Худовандо! Осоиштагиро барои мо барқарор намо; зеро ки ҳамаи корҳои моро низ Ту барои мо ба амал овардаӣ.

Ишаъё 26:12

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир