Шумо Ӯро надида дӯст медоред, ва агарчи Ӯро ҳанӯз надидаед, ба Ӯ имон меоваред ва бо шодмонии молокалом ва пур аз ҷалол шодӣ мекунед
1 Петрус 1:8
Нури рӯзона
Шумо Ӯро надида дӯст медоред, ва агарчи Ӯро ҳанӯз надидаед, ба Ӯ имон меоваред ва бо шодмонии молокалом ва пур аз ҷалол шодӣ мекунед
1 Петрус 1:8
Зеро ки бо имон рафтор мекунем, на бо дидор, —
2 ба Қӯринтиён 5:7
Мо Ӯро дӯст медорем, чунки аввал Ӯ моро дӯст дошт.
1 Юҳанно 4:19
Ва мо муҳаббатеро, ки Худо ба мо дорад, медонем ва ба он эътимод дорем. Худо муҳаббат аст, ва ҳар кӣ дар муҳаббат сокин аст, вай дар Худо сокин аст, ва Худо дар вай.
1 Юҳанно 4:16
Дар Ӯ шумо низ, чун каломи ростиро, яъне башорати наҷоти худро шунидед ва ба Ӯ имон овардед, бо Рӯҳулқудси мавъуд мӯҳр зада шудаед,
Нома ба Эфсӯсиён 1:13
Ки ба онҳо Худо таваҷҷӯҳ намуда огоҳӣ дод, ки сарвати ҷалоли ин сирро барои халқҳо огоҳӣ диҳам, ва он сир ин аст, ки Масеҳ дар шумо умеди ҷалол аст,
Нома ба Қӯлассиён 1:27
Агар касе гӯяд, ки «ман Худоро дӯст медорам», вале аз бародари худ нафрат кунад, вай дурӯғгӯй аст; зеро касе ки бародари худро, ки дидааст, дӯст намедорад, чӣ гуна метавонад Худоро, ки надидааст, дӯст бидорад?
1 Юҳанно 4:20
Исо ба вай гуфт: «Ба хотири он ки Маро дидаӣ, имон овардӣ: хушо касоне ки надида, имон меоваранд».
Инҷили Юҳанно 20:29
Писарро иззат кунед, ки мабодо ба ғазаб ояд, ва шумо дар роҳ нобуд шавед; зеро ки ғазаби Ӯ зуд аланга хоҳад гирифт. Хушо ҳамаи онҳое ки ба Ӯ паноҳ мебаранд!
Забур 2:12
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
31 Янв 2026
Numbers 33:55
30 Янв 2026
Hebrews 12:1-2
29 Янв 2026
Genesis 16:13
28 Янв 2026
Deuteronomy 33:25
27 Янв 2026
1 John 3:5
26 Янв 2026
Hebrews 13:13-14
25 Янв 2026
Romans 3:22