Ва Яъбис сӯи Худои Исроил хонда, гуфт: «Кошки Ту маро баракат медодӣ, ва ҳудуди маро афзун менамудӣ, ва дасти Ту бо ман мебуд, ва маро аз офат маҳфуз медоштӣ, то ки андӯхгин набошам!» Ва Худованд ба вай он чи талабида буд, ато намуд.
1 Вақоеънома 4:10
Ва ба онҳо гуфт: «Чаро ҳоб рафтаед? Барҳоста, дуо гӯед, то ки ба озмоиш дучор нашавед».
Инҷили Луқо 22:46
Бедор бошед ва дуо гӯед, то ба озмоиш дучор нашавед: рӯҳ бардам аст, лекин ҷисм нотавон».
Инҷили Матто 26:41
Ду чиз аз Ту мепурсам; онҳоро барои ман,
пеш аз он ки бимирам, манъ нанамо:
Ҳеҷу пуч ва дурӯғро аз ман дур соз,
бенавоӣ ва сарватро ба ман надеҳ,
ризқу рӯзӣ ба ман бирасон:
Мабодо бисьёр сер шуда, Туро инкор кунам ва бигӯям:
«Худованд кист?»
Ва мабодо бенаво шуда, дуздӣ кунам
ва исми Худои худро беҳурмат созам.
Масалҳо 30:7-9
Бигзор сулҳу осоиштагӣ дар истеҳкомҳои ту бошад,
ва некрӯзӣ дар қасрҳои ту!
Забур 121:7
Ва туро аз дасти шарирон раҳо хоҳам кард,
ва туро аз дасти ситамгарон халосӣ хоҳам дод».
Ирмиё 15:21
Мо медонем, ки ҳар кӣ аз Худо таваллуд ёфтааст, гуноҳ намекунад, балки Писари Худо варо муҳофизат мекунад, ва иблис ба вай даст намерасонад.
1 Юҳанно 5:18
Ва азбаски ту каломи сабри Маро нигоҳдорӣ намудаӣ, Ман низ туро аз соати озмоиш нигоҳдорӣ хоҳам кард, ки он бар тамоми ҷаҳон хоҳад омад, то ки сокинони рӯи заминро имтиҳон кунад.
Ваҳй Юҳанно 3:10
Пас Худованд медонад, ки чӣ гуна парҳезгоронро аз озмоиш раҳо кунад ва шариронро барои ҷазо то рӯзи доварӣ дар қайду банд нигоҳ дорад,
2 Петрус 2:9