Валекин алҳол устувор бош, эй Зарубобил, мегӯяд Худованд, ва устувор бош, эй саркоҳин Еҳушаъ ибни Еҳӯсодоқ, ва устувор бошед, эй тамоми қавми замин, мегӯяд Худованд, ва кор кунед, зеро ки Ман бо шумо ҳастам, мегӯяд Худованди лашкарҳо,
Ҳаҷҷай 2:4
Нури рӯзона
Валекин алҳол устувор бош, эй Зарубобил, мегӯяд Худованд, ва устувор бош, эй саркоҳин Еҳушаъ ибни Еҳӯсодоқ, ва устувор бошед, эй тамоми қавми замин, мегӯяд Худованд, ва кор кунед, зеро ки Ман бо шумо ҳастам, мегӯяд Худованди лашкарҳо,
Ҳаҷҷай 2:4
Ман Ток ҳастам, ва шумо навдаҳо; касе ки дар Ман бимонад, ва Ман дар вай, меваи фаровон меоварад; зеро ки бе Ман ҳеҷ коре наметавонед кунед.
Инҷили Юҳанно 15:5
Ҳамааш аз дастам меояд, бо мадади Масеҳ, ки маро кувват мебахшад.
Нома ба Филиппиён 4:13
Ниҳоят, эй бародаронам, дар Худованд ва дар тавоноии қудрати Ӯ неруманд шавед.
Нома ба Эфсӯсиён 6:10
Ва ба онҳо гуфт: «Биравед, хӯрокҳои равғанин бихӯред ва шарбатҳо бинӯшед, ва ба онҳое ки чизе муҳайё накардаанд, ҳиссаҳо бифиристед, зеро ки имрӯз барои Худованди мо рӯзи муқаддас аст; ва ғамгин нашавед, чунки шод будан ба ҳузури Худованд қуввати шумост».
Наҳемьё 8:10
Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: қавӣ бод дастҳои шумо, эй касоне ки дар ин айём ин суханонро аз забони анбиё мешунавед, ки онҳо дар рӯзи ниҳодани буньёди хонаи Худованди лашкарҳо, барои бино кардани қаср, нубувват намудаанд.
Закариё 8:9
Дастҳои беқувватро қавӣ кунед, ва зонуҳои ларзонро тақвият диҳед. Ба дилҳои тарсончак бигӯед: «Қавӣ бошед! Натарсед! Инак, Худои шумо бо интиқом меояд, бо подоши илоҳии Худ меояд: Ӯ омада, шуморо наҷот хоҳад дод».
Ишаъё 35:3-4
Пас мо ба ин чӣ гӯем? Агар Худо тарафгири мо бошад, зидди мо кист?
Нома ба Румиён 8:31
Бинобар ин мо, ки дорои чунин хизмат ҳастем, ки он аз рӯи марҳамат ба мо ато шудааст, ноумед намешавем;
2 ба Қӯринтиён 4:1
Ва мо некӣ карда, ноумед нашавем; зеро ки дар вақташ хоҳем даравид, агар сустӣ накунем.
Нома ба Ғалотиён 6:9
Худоро шукр, ки ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ ба мо ғалаба бахшидааст!
1 ба Қӯринтиён 15:57
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
2 Фев 2026
1 Chronicles 4:10
1 Фев 2026
1 Peter 1:8
31 Янв 2026
Numbers 33:55
30 Янв 2026
Hebrews 12:1-2
29 Янв 2026
Genesis 16:13
28 Янв 2026
Deuteronomy 33:25
27 Янв 2026
1 John 3:5