Аммо бигзор вай аспҳоро барои худ афзун накунад, ва қавмро ба Миср барнагардонад, то ки аспҳоро афзун намояд; ва ҳол он ки Худованд ба шумо гуфтааст: „Бори дигар бо ин роҳ барнагардед“.
Такрори Шариат 17:16
Нури рӯзона
Аммо бигзор вай аспҳоро барои худ афзун накунад, ва қавмро ба Миср барнагардонад, то ки аспҳоро афзун намояд; ва ҳол он ки Худованд ба шумо гуфтааст: „Бори дигар бо ин роҳ барнагардед“.
Такрори Шариат 17:16
Ва агар ватанеро, ки аз он берун омада буданд, ба ёд меоварданд, фурсат доштанд, ки баргарданд; Аммо иштиёқманди ватани беҳтаре буданд, ки он дар осмон аст; бинобар ин Худо ор намедонад, ки Худои онҳо хонда шавад: зеро ки Ӯ барои онҳо шаҳре муҳайё кардааст.
ба Ибриён 11:15-16
Ва бо қавми Худо уқубат кашиданро афзал донист аз он ки аз гуноҳ ҳаловати муваққатӣ дошта бошад, Ва хории Масеҳро сарвати бузургтар аз ганҷҳои Миср ҳисоб кард; зеро ки ба мукофот назар медӯҳт.
ба Ибриён 11:25-26
Одил бо имон ҳоҳад зист; ва агар касе рӯй гардонад, ҷони Ман ба вай таваҷҷӯҳ нахоҳад кард. Вале мо аз онҳо нестем, ки бармегарданд ва ба ҳалокат мерасанд, балки аз имондоронем, ки наҷот меёбанд.
ба Ибриён 10:38-39
Лекин Исо ба вай гуфт: «Касе ки дасташро болои амоч монда бошад ва ба ақиб нигоҳ кунад, ба Малакути Худо лоиқ нест».
Инҷили Луқо 9:62
Ва ман, ҳошо ва калло, ки фахр намоям, магар ин ки фақат бо салиби Худованди мо Исои Масеҳ, ки ба воситаи он ҷаҳон барои ман маслуб шудааст, ва ман — барои ҷаҳон.
Нома ба Ғалотиён 6:14
Мо, ки мададгорони Ӯ ҳастем, аз шумо илтимос мекунем, ки файзи Худоро бефоида қабул накунед.
2 ба Қӯринтиён 6:1
Ва яқин дорам, ки Ӯ, ки дар шумо ба кори хайр шурӯъ намудааст, онро то рӯзи Исои Масеҳ ба анҷом хоҳад расонд,
Нома ба Филиппиён 1:6
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
3 Фев 2026
Haggai 2:4
2 Фев 2026
1 Chronicles 4:10
1 Фев 2026
1 Peter 1:8
31 Янв 2026
Numbers 33:55
30 Янв 2026
Hebrews 12:1-2
29 Янв 2026
Genesis 16:13
28 Янв 2026
Deuteronomy 33:25