Дузд меояд, то ки бидуздад, бикушад ва талаф кунад; Ман омадаам, то ки онҳо ҳаёт ёбанд ва онро ба фаровонӣ дошта бошанд.
Инҷили Юҳанно 10:10
Нури рӯзона
Дузд меояд, то ки бидуздад, бикушад ва талаф кунад; Ман омадаам, то ки онҳо ҳаёт ёбанд ва онро ба фаровонӣ дошта бошанд.
Инҷили Юҳанно 10:10
Аммо аз дарахти маърифати неку бад зинҳор нахӯр; зеро рӯзе ки аз он бихӯрӣ, ҳатман хоҳӣ мурд».
Ҳастӣ 2:17
Ва зан дид, ки он дарахт барои хӯрок хуб аст, ва назаррабост, ва дарахти дилпазири донишафзост; ва аз меваи он гирифта, хӯрд; ва ба шавҳари худ низ дод, ва ӯ хӯрд.
Ҳастӣ 3:6
Зеро ки музди гуноҳ мамот аст, аммо бахшоиши файзи Худо ҳаёти ҷовидонист ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ.
Нома ба Румиён 6:23
Зеро ки агар бо гуноҳи як кас мамот ба воситаи ҳамин як кас ҳукмрон шуда бошад, — пас, алалхусус онҳое ки файзи фаровон ва бахшоиши адолатро қабул мекунанд, дар ҳаёт ба воситаи Исои Масеҳи ягона хумкрон хоҳанд шуд.
Нома ба Румиён 5:17
Зеро, чунон ки мамот ба воситаи инсон омад, эҳьёи мурдагон низ ба воситаи инсон омад. Чунон ки дар Одам ҳама мемиранд, ончунон дар Масеҳ ҳама зинда мешаванд.
1 ба Қӯринтиён 15:21-22
but has now been revealed by the appearing of our Savior, Christ Jesus, who abolished death, and brought life and immortality to light through the Good News.
2 Timothy 1:10
Ва ин шаҳодат аз он иборат аст, ки Худо ба мо ҳаёти ҷовидонӣ ато намудааст, ва ин ҳаёт дар Писари Ӯст. Касе ки Писарро дорад, ҳаёт дорад, касе ки Писари Худоро надорад, ҳаёт надорад.
1 Юҳанно 5:11-12
Зеро Худо Писари Худро ба ҷаҳон барои он нафиристод, ки бар ҷаҳон доварӣ кунад, балки барои он ки ҷаҳон ба воситаи Ӯ наҷот ёбад.
Инҷили Юҳанно 3:17
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
4 Фев 2026
Deuteronomy 17:16
3 Фев 2026
Haggai 2:4
2 Фев 2026
1 Chronicles 4:10
1 Фев 2026
1 Peter 1:8
31 Янв 2026
Numbers 33:55
30 Янв 2026
Hebrews 12:1-2
29 Янв 2026
Genesis 16:13