Шанбе, 7 Феврал 2026

Нури рӯзона

7 Фев 2026

Ва ҳангоме ки хӯрда сер шавӣ, Худованд Худои худро барои замини некӯе ки ба ту додааст, муборак бихон. Эҳтиёт бош, мабодо Худои худро фаромӯш карда, аҳком ва дастурот ва фароизи Ӯро, ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, риоят нанамоӣ;

Такрори Шариат 8:10-11

Яке аз онҳо чун дид, ки шифо ёфтааст, баргашта, бо овози баланд Худоро ҳамду сано хонд, Ва пеши пойҳои Ӯ рӯй ба замин афтода, ба Ӯ ташаккур гуфт; ва ӯ марди сомарӣ буд. Исо гуфт: «Оё даҳ нафар пок нашуданд? Пас он нӯҳ нафар куҷоянд? Оё, ғайр аз ин аҷнабӣ, касе ёфт нашуд, ки баргашта, Худоро ҳамду сано ҳонад?»

Инҷили Луқо 17:15-18

For every creature of God is good, and nothing is to be rejected, if it is received with thanksgiving. For it is sanctified through the word of God and prayer.

1 Timothy 4:4-5

Он ки рӯзеро авло медонад, барои Худованд чунин мекунад; ва он ки рӯзҳоро баробар медонад, барои Худованд чунин мекунад. Он ки мехӯрад, барои Худованд мехӯрад, зеро ки Худоро шукр мегӯяд. Ва он ки намехӯрад, барои Худованд намехӯрад ва Худоро шукр мегӯяд.

Нома ба Румиён 14:6

Баракати Худованд сарватманд мекунад, ва ғаму ғуссае бо худ намеоварад.

Масалҳо 10:22

Эй ҷонам, Худовандро муборак бихон. Худовандо, Худои ман! Бениҳоят бузург ҳастӣ; шукӯҳ ва шавкат пероҳани Туст. Нурро мисли ридое дар бар мекунӣ, осмонро мисли саропардае паҳн менамоӣ. Кӯшкҳои фалакии Худро бар обҳо месозӣ, абрҳоро аробаи Худ мегардонӣ, ки он бар болҳои бод ҳаракат мекунад. Бодҳоро ба фариштагони Худ табдил медиҳӣ, хизматгорони Худро ба оташи сӯзон.

Забур 103:1-4

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир