Сешанбе, 7 Июл 2026

Нури рӯзона

7 Июл 2026

Чунки Писари Одам на барои он омад, ки ба Ӯ хизмат кунанд, балки барои он ки хизмат кунад ва ҷони Худро барои фидияи бисьёр касон бидиҳад».

Инҷили Матто 20:28

Зеро, агар хуни бузҳо ва говҳо ва хокистари модагов, ки ба палидон пошида мешавад, онҳоро то ба дараҷаи татҳири ҷисм тақдис мекарда бошад, Чӣ қадар бештар Хуни Масеҳ, ки ба василаи Рӯҳи абадӣ Зоти беайби Худро ба Худо тақдим намуд, виҷдони моро аз аъмоли беҷон татҳир хоҳад кард, то ки Худои Ҳай ва ҳақиқиро ибодат намоем!

ба Ибриён 9:13-14

Ӯ ситам кашид, вале гардан фуровард, ва даҳони Худро воз накард; мисли гӯсфанде ки барои забҳ бурда мешавад, ва мисли баррае ки назди пашмтарошонаш безабон аст, Ӯ ҳамчунон даҳони Худро воз накард;

Ишаъё 53:7

Чунон ки Падар Маро мешиносад, Ман ҳам Падарро мешиносам, ва ҷони Худро барои гӯсфандон фидо мекунам.

Инҷили Юҳанно 10:15

Ҳеҷ кас онро аз Ман намегирад, балки Худи Ман онро фидо мекунам: қудрат дорам, ки онро фидо кунам, ва қудрат дорам, ки онро боз ёбам; ин ҳукмро аз Падари Худ гирифтаам».

Инҷили Юҳанно 10:18

Чунки ҷони ҷисм дар хун аст, ва Ман онро ба шумо барои қурбонгоҳ додаам, то ки ҷонҳои шуморо кафорат намояд, зеро ҳамин хун аст, ки ҷонро кафорат менамояд.

Ибодат 17:11

Қариб ҳама чиз мувофиқи шариат ба василаи хун татҳир меёбад, ва бе рехтани хун омурзиш нест.

ба Ибриён 9:22

Лекин Худо муҳаббати Худро нисбат ба мо бо ҳамин исбот мекунад, ки ҳангоме ки ҳанӯз гуноҳкор будем, Масеҳ барои мо мурд. Пас, алалхусус алҳол, ки бо Хуни Ӯ сафед шудаем, ба воситаи Ӯ аз ғазаб наҷот хоҳем ёфт.

Нома ба Румиён 5:8-9

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир