Хушо касе ки ба бенаво эътибор медиҳад! Дар рӯзи мусибат Худованд ӯро раҳо хоҳад кард.
Забур 40:2
Нури рӯзона
Хушо касе ки ба бенаво эътибор медиҳад! Дар рӯзи мусибат Худованд ӯро раҳо хоҳад кард.
Забур 40:2
Шумо ба сабаби хатоҳо ва гуноҳҳои худ як вақте мурда будед. Дар онҳо шумо мувофиқи давраи ин олам ва иродаи мире ки дар ҳаво ҳукмрон аст, яъне он рӯҳе ки ҳоло дар писарони исьён амал мекунад, зиндагӣ мекардед. Дар миёни онҳо ҳамаи мо низ як вақте аз рӯи шаҳавоти ҷисми худ зиндагӣ карда, ҳавасҳои ҷисм ва хаёлотро ба ҷо меовардем ва табиатан, мисли дигарон, фарзандони ғазаб будем.
Нома ба Эфсӯсиён 2:1-3
Барои сардори муғанниён, Едутун. Таронаи Довуд. Танҳо дар Худо ҷонам ором меёбад; наҷотам аз Ӯст.
Забур 61:1-2
Ва Юнус аз шиками моҳӣ сӯи Худованд Худои худ дуо кард, Ва гуфт: «Дар тангии худ сӯи Худованд хондам, ва маро иҷобат намуд; аз батни дӯзах истиғоса бурдам, ва Ту овози маро шунидӣ.
Юнус 2:2-3
Вақте ки аз обҳо бигзарӣ, Ман бо ту хоҳам буд, ва аз наҳрҳо бигзарӣ, онҳо туро ғарқ нахоҳад кард; вақте ки аз миёни оташ қадамгузор шавӣ, нахоҳӣ сӯхт, ва аланга туро нахоҳад сӯзонид,
Ишаъё 43:2
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
3 Авг 2026
Luke 1:50
2 Авг 2026
Revelation 13:8
1 Авг 2026
Ephesians 2:8
31 Июл 2026
2 Timothy 2:3
30 Июл 2026
Colossians 3:1
29 Июл 2026
Isaiah 64:1
28 Июл 2026
Ephesians 5:2