Бори дигар рафта, боз дуо кард ва гуфт: «Эй Падари Ман! Агар мумкин набошад, ки ин коса, бе он ки онро бинӯшам, аз Ман бигзарад, пас он чи иродаи Туст, бишавад».
Инҷили Матто 26:42
Нури рӯзона
Бори дигар рафта, боз дуо кард ва гуфт: «Эй Падари Ман! Агар мумкин набошад, ки ин коса, бе он ки онро бинӯшам, аз Ман бигзарад, пас он чи иродаи Туст, бишавад».
Инҷили Матто 26:42
Ман, эй Худованд, медонам, ки роҳи одам дар ихтиёри вай нест, ва касе ки роҳ меравад, қадамҳои худро наметавонад ҳидоят намояд.
Ирмиё 10:23
Ва каме пештар рафта, рӯ ба замин афтод ва дуо карда, гуфт: «Эй Падари Ман! Агар мумкин бошад, ин коса аз Ман бигзарад; лекин на бо хоҳиши Ман, балки бо иродаи Ту».
Инҷили Матто 26:39
Ки ба Худованд қасам хӯрда буд, ба Қодири Яъқуб назр карда буд:
Забур 131:2
Ҳамчунин Рӯҳ низ моро дар нотавониамон тақвият медиҳад; зеро ки мо намедонем дар чӣ ҳусус ба таври бояду шояд дуо гӯем, лекин Худи Рӯҳ барои мо бо оҳу нолаҳое шафоат мекунад, ки сухан аз баёнашон оҷиз аст. Таҳқиқкунандаи дилҳо аз андешаи Рӯҳ огоҳ аст, чунки Ӯ барои муқаддасон мувофиқи хости Худо шафоат мекунад.
Нома ба Румиён 8:26-27
Исо дар ҷавоб гуфт: «Шумо намефаҳмед, ки чӣ мехоҳед; оё метавонед он косаеро, ки Ман менӯшам, бинӯшед ва таъмидеро, ки Ман меёбам, биёбед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Метавонем».
Инҷили Матто 20:22
Бигзор Худовандро барои эҳсони Ӯ ҳамд гӯянд, ва барои корҳои аҷоиби Ӯ аз баҳри банӣ‐одам!
Забур 106:15
Ва инҳо барои мо тимсоле буданд, то ки мо бадиро орзу накунем, чунон ки онҳо орзу мекарданд.
1 ба Қӯринтиён 10:6
Ман хоҳиш дорам, ки шумо беғам бошед. Марди безан дар бораи он чи ба Худованд оид аст, ғамхорӣ мекунад, ки чӣ гуна ба Худованд писанд афтад;
1 ба Қӯринтиён 7:32
Дили боматонатро Ту дар осоиштагии комил нигоҳ медорӣ, зеро ки вай ба Ту таваккал мекунад.
Ишаъё 26:3
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
4 Авг 2026
John 19:30
3 Авг 2026
Luke 1:50
2 Авг 2026
Revelation 13:8
1 Авг 2026
Ephesians 2:8
31 Июл 2026
2 Timothy 2:3
30 Июл 2026
Colossians 3:1
29 Июл 2026
Isaiah 64:1