Гуфт: «Дар бораи Масеҳ чӣ фикр доред? Ӯ писари кист?» Ба Ӯ гуфтанд: «Писари Довуд».
Инҷили Матто 22:42
Нури рӯзона
Гуфт: «Дар бораи Масеҳ чӣ фикр доред? Ӯ писари кист?» Ба Ӯ гуфтанд: «Писари Довуд».
Инҷили Матто 22:42
Ҳалимонро ба роҳи инсоф меандозад, ва ба ҳалимон тариқи Худро таълим медиҳад. Ҳамаи роҳҳои Худованд марҳамат ва ростист, барои онҳое ки аҳди Ӯ ва шаҳодоти Ӯро риоя мекунанд.
Забур 24:9-10
Бар либос ва бар рони Ӯ навишта шудааст: «Подшоҳи подшоҳон ва Худованди худовандон».
Ваҳй Юҳанно 19:16
Пас, Он барои шумо, имондорон, чизи гаронбаҳост, аммо барои беимонон сангест, ки меъморон рад кардаанд, лекин он санги сари гӯшаи бино гардидааст,
1 Петрус 2:7
Лекин мо Масеҳи маслубшударо мавъиза мекунем, ки барои яҳудиён васваса ва барои юнониён ҷаҳолат аст, Аммо барои худи даъватшудагон, чи яҳудиён, чи юнониён, Масеҳро мавъиза мекунем, ки Ӯ қуввати Худо ва ҳикмати Худост;
1 ба Қӯринтиён 1:23-24
Ва ҳанӯз ҳамаашро ба ҳотири афзалияти дониши Худованди ман Исои Масеҳ нуқсон медонам, ки барои Ӯ ман аз ҳамааш даст кашидам ва ҳамаашро ахлот медонам, то ки Масеҳро пайдо кунам
Нома ба Филиппиён 3:8
Ва бори сеюм ба вай гуфт: «Эй Шимъӯн ибни Юнус! Оё Маро дӯст медорӣ?» Петрус ғамгин шуд, ки бори сеюм аз вай пурсид: «Оё Маро дӯст медорӣ?» ва ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Ту аз ҳама чиз воқиф ҳастӣ; Ту медонӣ, ки Туро дӯст медорам». Исо ба вай гуфт: «Гӯсфандони Маро бичарон;
Инҷили Юҳанно 21:17
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
6 Авг 2026
Proverbs 3:12
5 Авг 2026
Romans 6:4
4 Авг 2026
John 19:30
3 Авг 2026
Luke 1:50
2 Авг 2026
Revelation 13:8
1 Авг 2026
Ephesians 2:8
31 Июл 2026
2 Timothy 2:3