Шанбе, 8 Август 2026

Нури рӯзона

8 Авг 2026

Зеро «ҳар кӣ исми Худовандро бихонад, наҷот хоҳад ёфт».

Нома ба Румиён 10:13

Ҳар он чи Падар ба Ман ато кунад, назди Ман хоҳад омад, ва ҳар кӣ назди Ман ояд, бадар нахоҳам ронд.

Инҷили Юҳанно 6:37

Ва ба Исо гуфт: «Эй Худованд, вақте ки ба Малакути Худ бирасӣ, маро ба ёд овар!» Ва Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки имрӯз бо Ман дар биҳишт хоҳӣ буд».

Инҷили Луқо 23:42-43

Исо истода, онҳоро назди Худ хонд ва гуфт: «Чӣ мехоҳед, ки барои шумо бикунам?» Ба Ӯ гуфтанд: «Худовандо! Мехоҳем чашмони мо кушода шавад». Пас Исо ба онҳо раҳм карда, чашмҳошонро ламс намуд; ва дарҳол бино гашта, аз ақиби Ӯ равона шуданд.

Инҷили Матто 20:32-34

Пас, агар шумо, ки шарир ҳастед, ба фарзандони худ додани инъомҳои некро медониста бошед, пас Падари шумо, ки дар осмон аст, чанд маротиба зиёдтар ба онҳое ки аз ӯ металабанд, Рӯҳулқудсро хоҳад дод».

Инҷили Луқо 11:13

Ва рӯҳи Худро андаруни шумо хоҳам ниход, ва шуморо водор хоҳам намуд, ки бар тибқи фароизи Ман рафтор кунед, ва дастурҳои Маро риоя намоед ва ба ҷо оваред.

Ҳизқиёл 36:27

Худованд Худо чунин мегӯяд: боз инро хонадони Исроил аз Ман дархост хоҳанд кард, ки барояшон ба амал оварам: онҳоро мисли рамаи одамон афзун хоҳам кард, —

Ҳизқиёл 36:37

Ва ҷуръате ки мо ба ҳузури Ӯ дорем, дар он аст, ки агар мо мувофиқи иродаи Ӯ чизеро талаб кунем, Ӯ моро мешунавад; Ва агар донем, ки Ӯ моро дар ҳар чӣ талаб кунем, мешунавад, онро низ медонем, ки он чи аз Ӯ талаб кардаем, меёбем.

1 Юҳанно 5:14-15

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир