Ба дилам шодӣ бахшидаӣ аз он вақте ки ғаллаи онҳо ва оби ангури онҳо афзудааст.
Забур 4:8
Нури рӯзона
Ба дилам шодӣ бахшидаӣ аз он вақте ки ғаллаи онҳо ва оби ангури онҳо афзудааст.
Забур 4:8
Зеро ки маро, эй Худованд, бо корҳои Худ шод кардаӣ; аъмоли дастҳои Туро тараннум хоҳам кард.
Забур 91:5
Бар сози даҳтор ва бар уд, бар нағмаи барбат.
Забур 91:4
Эй Ерусалим, Ерусалим, ки анбиёро мекушӣ ва онҳоеро, ки назди ту фиристода шудаанд, сангсор мекунӣ! Чанд бор хостам фарзандони туро ҷамъ кунам, монанди мокиёне ки чӯҷаҳои худро зери болаш ҷамъ мекунад, ва шумо нахостед!
Инҷили Матто 23:37
Ерусалими ободон, ҳамчун шаҳре ки комилан ба ҳам пайвастааст, — Ки ба он ҷо сибтҳо, сибтҳои Худованд, сууд мекарданд, то ки, мувофиқи шаҳодати Исроил, исми Худовандро ҳамд гӯянд; Зеро ки дар он ҷо курсиҳои доварӣ меистод, курсиҳои хонадони Довуд.
Забур 121:3-5
То ба кай ба марде ҳамла мекунед, то ки ӯро ҳамаатон ба ҳалокат бирасонед, ба монанди девори хамида ва тавораи калавида?
Забур 61:4
Шахси бадзабон дар замин қоим нахоҳад шуд; золимро бадӣ ба дом дароварда, шикаст хоҳад дод.
Забур 139:12
Он Худое ки Писари Худро дареғ надоштааст, балки Ӯро барои ҳамаи мо таслим кардааст, чӣ гуна бо якҷоягии Ӯ ҳама чизро ба мо намебахшад?
Нома ба Румиён 8:32
Ва шумо аз они Масеҳ ҳастед, ва Масеҳ — аз они Худо.
1 ба Қӯринтиён 3:23
Зеро аз ҷониби Худованди лашкарҳо рӯзест, ки бар ҳар чизи ҳавобаланд ва мағрур хоҳад омад, ва бар ҳар чизи сарбаланд, — ва он паст хоҳад шуд, —
Ишаъё 2:12
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
28 Авг 2026
Revelation 12:10
27 Авг 2026
Psalms 119:105
26 Авг 2026
Exodus 28:36
25 Авг 2026
Isaiah 51:1
24 Авг 2026
Exodus 3:7
23 Авг 2026
Jeremiah 31:3
22 Авг 2026
Romans 14:7-8