Ва банӣ‐Исроил онро диданд, ва ба якдигар гуфтанд: «Ин чист?» Зеро намедонистанд, ки он чист. Ва Мусо ба онҳо гуфт: «Ин нон аст, ки Худованд ба шумо додааст, то ки бихӯред.
Хуруҷ 16:15
Нури рӯзона
Ва банӣ‐Исроил онро диданд, ва ба якдигар гуфтанд: «Ин чист?» Зеро намедонистанд, ки он чист. Ва Мусо ба онҳо гуфт: «Ин нон аст, ки Худованд ба шумо додааст, то ки бихӯред.
Хуруҷ 16:15
Зеро нони Худо Он Касест, ки аз осмон нозил шуда, ба ҷаҳон ҳаёт мебахшад».
Инҷили Юҳанно 6:33
Падарони шумо дар биёбон манн хӯрданд ва мурданд;
Инҷили Юҳанно 6:49
Ман ҳастам он нони зинда, ки аз осмон нозил шуд: касе ки аз ин нон бихӯрад, то абад зинда хоҳад монд; ва ноне ки Ман ато мекунам, Бадани Ман аст, ки онро барои ҳаёти ҷаҳон мебахшам».
Инҷили Юҳанно 6:51
Зеро ки Бадани Ман ғизои ҳақиқист, ва Хуни Ман нӯшокии ҳақиқист;
Инҷили Юҳанно 6:55
Ва банӣ‐Исроил чунин карданд, ва баъзе бисьёр ва баъзе кам чида гирифтанд. Ва ҳангоме ки бо ӯмар чен карданд, он ки бисьёр чида буд, зиёдатӣ надошт, ва он ки кам чида буд, камӣ надошт: ҳар яке ба андозаи хӯрданаш чида буд.
Хуруҷ 16:17-18
Ва онро ҳар субҳ, ҳар яке ба андозаи хӯрдани худ, мечиданд; ва ҳамин ки офтоб гарм мекард, вай об мешуд.
Хуруҷ 16:21
Аз ин рӯ ғамхорӣ накунед ва нагӯед: „Чӣ бихӯрем?“ ё: „Чӣ бинӯшем?“ ё: „Чӣ бипӯшем?“ Чунки халқҳо дар ҷустуҷӯи ҳамаи ин чизҳо мебошанд, лекин Падари шумо, ки дар осмон аст, медонад, ки шумо ба ҳамаи ин чизҳо эҳтиёҷ доред. Аммо аввал Малакути Худо ва адолати Ӯро биҷӯед, ва ҳамаи ин чизҳо ба шумо ба таври илова дода хоҳад шуд.
Инҷили Матто 6:31-33
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
29 Авг 2026
Proverbs 16:20
28 Авг 2026
Revelation 12:10
27 Авг 2026
Psalms 119:105
26 Авг 2026
Exodus 28:36
25 Авг 2026
Isaiah 51:1
24 Авг 2026
Exodus 3:7
23 Авг 2026
Jeremiah 31:3