Якшанбе, 20 Сентябр 2026

Нури рӯзона

20 Сен 2026

Мисли ғамгин, лекин мо ҳамеша шодӣ мекунем; бенаво, вале мо бисьёр касонро сарватдор мегардонем; тамоман нодор, лекин мо дорои ҳама чиз ҳастем.

2 ба Қӯринтиён 6:10

Зеро шумо файзи Худованди мо Исои Масеҳро медонед, ки Ӯ сарватдор буда, барои шумо бенаво шуд, то ки шумо ба воситаи бенавоии Ӯ сарватдор шавед.

2 ба Қӯринтиён 8:9

Ва аз пуррагии Ӯ ҳамаи мо файз бар файз пайдо кардем;

Инҷили Юҳанно 1:16

Ва Худои ман ҳар эҳтиёҷи шуморо ба ҳасби сарвати ҷалоли Худ дар Исои Масеҳ пур хоҳад кард.

Нома ба Филиппиён 4:19

Ва Худо қодир аст ҳар гуна файзро дар шумо афзун кунад, то ки шумо ҳамеша аз ҳар ҷиҳат ба қадри кофӣ қонеъ буда, барои ҳар кори хайр афзунӣ зоҳир намоед,

2 ба Қӯринтиён 9:8

Гӯш диҳед, эй бародарони маҳбуби ман: оё Худо камбағалони оламро интиҳоб накардааст, ки сарватдор дар имон ва ворисони Малакуте бошанд, ки онро Ӯ ба дӯстдорони Худ ваъда кардааст?

Яъқуб 2:5

Зеро, эй бародарон, бингаред, ки шумо, вақте ки даъват шудед, чӣ будед: бисьёре ба ҳасби ҷисм ҳаким нестед, бисьёре тавоно нестед, бисьёре наҷиб нестед; Лекин Худо ҷоҳилони ҷаҳонро баргузид, то ки ҳакимонро шарманда кунад, ва нотавонони ҷаҳонро баргузид, то ки тавонгаронро шарманда кунад;

1 ба Қӯринтиён 1:26-27

Лекин мо ин ганҷро дар зарфҳои гилин дорем, то маълум шавад, ки бартарии қувват аз они Худо бошад, на аз ҷониби мо;

2 ба Қӯринтиён 4:7

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир