The grace of the Lord Jesus Christ, God’s love, and the fellowship of the Holy Spirit, be with you all. Amen.
2 Corinthians 13:14
Нури рӯзона
The grace of the Lord Jesus Christ, God’s love, and the fellowship of the Holy Spirit, be with you all. Amen.
2 Corinthians 13:14
Ва Ман аз Падар илтимос ҳоҳам кард, ва Ӯ ба шумо Пуштибони дигаре ато хоҳад кард, то ки ҳамеша бо шумо бимонад, Яъне Рӯҳи ростӣ, ки ҷаҳон наметавонад Ӯро бипазирад, зеро ки Ӯро намебинад ва намешиносад; лекин шумо Ӯро мешиносед, зеро ки Ӯ бо шумо мемонад ва дар шумо хоҳад буд.
Инҷили Юҳанно 14:16-17
Лекин чун Ӯ, яъне Рӯҳи ростӣ ояд, шуморо ба тамоми ростӣ раҳнамоӣ ҳоҳад кард; зеро ки аз Худ нахоҳад гуфт, балки ҳар чи мешунавад, онро хоҳад гуфт, ва аз воқеоти оянда ба шумо ҳабар хоҳад дод. Ӯ Маро ҷалол хоҳад дод, чунки аз он чи аз они Ман аст, гирифта, ба шумо ҳабар ҳоҳад дод.
Инҷили Юҳанно 16:13-14
Ва умед шарманда намекунад, чунки муҳаббати Худо дар дилҳои мо ба воситаи Рӯҳулқудс, ки ба мо ато шуд, ҷорӣ шудааст.
Нома ба Румиён 5:5
Аммо ҳар кӣ бо Худованд пайванд шавад, бо Ӯ як рӯҳ аст.
1 ба Қӯринтиён 6:17
Оё намедонед, ки ҷисмҳои шумо маъбади Рӯҳулқудс аст, ки Он дар шумо сокин аст, ва Онро шумо аз Худо ёфтаед, ва шумо аз они худатон нестед?
1 ба Қӯринтиён 6:19
Ва Рӯҳулқудси Худоро, ки бо Он ба интизори рӯзи озодӣ мӯҳр зада шудаед, андӯҳгин накунед.
Нома ба Эфсӯсиён 4:30
Ҳамчунин Рӯҳ низ моро дар нотавониамон тақвият медиҳад; зеро ки мо намедонем дар чӣ ҳусус ба таври бояду шояд дуо гӯем, лекин Худи Рӯҳ барои мо бо оҳу нолаҳое шафоат мекунад, ки сухан аз баёнашон оҷиз аст.
Нома ба Румиён 8:26
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
20 Сен 2026
Proverbs 3:13
19 Сен 2026
1 Peter 5:10
18 Сен 2026
Psalms 119:18
17 Сен 2026
Matthew 12:20
16 Сен 2026
Proverbs 21:2
15 Сен 2026
Romans 6:14-15
14 Сен 2026
Isaiah 51:12