Сешанбе, 22 Сентябр 2026

Нури рӯзона

22 Сен 2026

Ва каме пештар рафта, рӯ ба замин афтод ва дуо карда, гуфт: «Эй Падари Ман! Агар мумкин бошад, ин коса аз Ман бигзарад; лекин на бо хоҳиши Ман, балки бо иродаи Ту».

Инҷили Матто 26:39

Алҳол ҷони Ман дар изтироб аст; чӣ бигӯям? Эй Падар! Маро аз ин соат раҳо намо! Аммо маҳз барои ҳамин соат Ман омадаам.

Инҷили Юҳанно 12:27

Зеро аз осмон нозил шудаам на аз барои он ки ба иродаи Худ амал кунам, балки ба иродаи Фиристандаи Худ.

Инҷили Юҳанно 6:38

Ва Худро фурӯтан сохта, то вақти мамот, то дами мавти салиб фармонбардор буд.

Нома ба Филиппиён 2:8

Дар айёме ки Ӯ дар ҷисм буд, ба Он ки метавонист Ӯро аз мамот наҷот диҳад, бо фиғони пурзӯр ва бо ашкрезӣ дуо ва тазаррӯъ намуд, ва ба хотири таъзиму такрими Худ иҷобат карда шуд, Ва агарчи Писар буд, ба василаи уқубатҳо ба итоат омӯхта шуд,

ба Ибриён 5:7-8

Ё гумон мекунӣ, ки алҳол наметавонам аз Падари Худ хоҳиш намоям, ки барои Ман зиёда аз дувоздаҳ фавҷ фариштагонро равона кунад?

Инҷили Матто 26:53

Ва ба онҳо гуфт: «Чунин навишта шудааст, ва чунин лозим буд, ки Масеҳ уқубат кашад ва дар рӯзи сеюм аз мурдагон эҳьё шавад. Ва ба исми Ӯ, аз Ерусалим сар карда, дар миёни ҳамаи халқҳо тавба ва омурзиши гуноҳҳо мавъиза карда шавад;

Инҷили Луқо 24:46-47

Бо зеҳни сунъӣ тарҷума шудааст, аз ҷумла иқтибосҳои Китоби Муқаддас — ҳама гуна истинодро кушоед, то онро дар Китоби Муқаддас 1992, 1999 хонед.

Барои маълумоти муффасал ба адреси электронии мо муроҷиат намоед: [email protected]

Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).

Рӯзҳои охир