Касе ки ғолиб ояд, вориси ҳама чиз хоҳад шуд, ва Ман барои ӯ Худо хоҳам буд, ва ӯ барои Ман писар хоҳад буд;
Ваҳй Юҳанно 21:7
Нури рӯзона
Касе ки ғолиб ояд, вориси ҳама чиз хоҳад шуд, ва Ман барои ӯ Худо хоҳам буд, ва ӯ барои Ман писар хоҳад буд;
Ваҳй Юҳанно 21:7
Ва агар мо фақат дар ҳамин ҳаёт ба Масеҳ умед мебаста бошем, мо аз ҳамаи одамон бадбахттарем.
1 ба Қӯринтиён 15:19
Аммо иштиёқманди ватани беҳтаре буданд, ки он дар осмон аст; бинобар ин Худо ор намедонад, ки Худои онҳо хонда шавад: зеро ки Ӯ барои онҳо шаҳре муҳайё кардааст.
ба Ибриён 11:16
Барои мероси бефано, пок ва пажмурданашаванда, ки дар осмон барои шумо маҳфуз аст,
1 Петрус 1:4
Хуллас, ҳеҷ кас ба одамон фахр накунад, зеро ки ҳамааш аз они шумост: Хоҳ Павлус, хоҳ Апӯллӯс, хоҳ Кифо, хоҳ ҷаҳон, хоҳ ҳаёт, хоҳ мамот, хоҳ ҳозира, хоҳ оянда — ҳамааш аз они шумост;
1 ба Қӯринтиён 3:21-22
Аммо, чунон ки навишта шудааст: «Он чиро, ки чашме надидааст, гӯше нашунидааст ва ба дили инсон наомадааст, Худо барои дӯстдорони Худ муҳайё кардааст». Вале ба мо Худо онро ба воситаи Рӯҳи Худ ошкор сохтааст; зеро ки Рӯҳ ҳама чизро, ҳатто умқҳои Худоро пай мебарад.
1 ба Қӯринтиён 2:9-10
Пир — ба ҳотуни баргузида ва фарзандони вай, ки ман онҳоро дар ростӣ дӯст медорам, ва на танҳо ман, балки низ ҳамаи онҳое ки ростиро дарк кардаанд, Ба хотири ростие ки дар мо сокин аст ва то абад бо мо хоҳад буд: Файз, марҳамат ва осоиштагӣ аз ҷониби Худои Падар ва Исои Масеҳи Худованд, ки Писари Падар аст, дар ростӣ ва муҳаббат бо шумо бод. Ман бағоят хурсанд шудам, ки аз байни фарзандонат касонеро ёфтам, ки дар ростӣ рафтор мекунанд, ба ҳасби ҳукме ки мо аз Падар пазируфтаем. Ва акнун аз ту, эй хотун, хоҳишмандам: на ҳамчун ҳукми тозае ба ту менависам, балки ҳамонро, ки мо аз ибтидо доштем, ки ба якдигар муҳаббат дошта бошем. Ва муҳаббат аз он иборат аст, ки мо бар тибқи аҳкоми Ӯ рафтор кунем. Ин ҳамон ҳукмест, ки шумо аз ибтидо шунидаед, то ки бар тибқи он рафтор кунед. Зеро бисьёр фиребгарон дар дуньё пайдо шудаанд, ки Исои Масеҳи ба ҳасби ҷисм омадаро эътироф намекунанд: чунин шаҳс фиребгар ва зиддимасеҳ аст. Аз худ бохабар бошед, ки мабодо он чиро, ки мо барояш меҳнат кардаем, барбод диҳед, балки мукофоти комил бигиред. Ҳар ки аз таълимоти Масеҳ дур мешавад ва дар он сокин нест, Худо надорад; касе ки дар таълимоти Масеҳ сокин аст, ҳам Падарро дорад ва ҳам Писарро. Касе ки назди шумо меояд ва ин таълимотро намеоварад, варо ба хонаи худ қабул накунед ва ба вай салом надиҳед; Зеро касе ки ба вай салом диҳад, ба аъмоли шариронаи вай шарик мешавад. Чизи бисьёре дорам, ки ба шумо бинависам, аммо намехоҳам ба коғаз бо сиёҳӣ бинависам, балки умедворам, ки назди шумо биёям ва даҳонакӣ бигӯям, то ки хурсандии мо комил бошад. Фарзандони хоҳари баргузидаи ту ба ту салом мерасонанд. Омин.
2 Юҳанно 1
Бинобар ин мо низ, ки дар гирди худ чунин абри шоҳидонро дорем, ҳар бори гарон ва гуноҳро, ки моро фаро мегирад, аз худ дур андохта, майдони дар пеши мо бударо бо сабр давон‐давон тай кунем
ба Ибриён 12:1
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
22 Сен 2026
Psalms 104:34
21 Сен 2026
Romans 8:28
20 Сен 2026
Proverbs 3:13
19 Сен 2026
1 Peter 5:10
18 Сен 2026
Psalms 119:18
17 Сен 2026
Matthew 12:20
16 Сен 2026
Proverbs 21:2