Зеро шумо файзи Худованди мо Исои Масеҳро медонед, ки Ӯ сарватдор буда, барои шумо бенаво шуд, то ки шумо ба воситаи бенавоии Ӯ сарватдор шавед.
2 ба Қӯринтиён 8:9
Нури рӯзона
Зеро шумо файзи Худованди мо Исои Масеҳро медонед, ки Ӯ сарватдор буда, барои шумо бенаво шуд, то ки шумо ба воситаи бенавоии Ӯ сарватдор шавед.
2 ба Қӯринтиён 8:9
Ва Калом ҷисм гардид ва дар миёни мо сокин шуд, пур аз файз ва ростӣ; ва мо ҷалоли Ӯро дидем, ки ҷалоли шоистаи Писари ягонаи Падар аст.
Инҷили Юҳанно 1:14
Худо паноҳгоҳ ва қуввати мост, мададгоре ки дар тангиҳо зуд пайдо мешавад;
Забур 45:2
Ва ҳама ба Ӯ шаҳодат медоданд, ва аз суханони файзбахше ки аз даҳонаш мебаромад, мутааҷҷиб шуда, мегуфтанд: «Оё Ӯ писари Юсуф нест?»
Инҷили Луқо 4:22
Агар ҳақиқатан чашидаед, ки Худованд некӯст.
1 Петрус 2:3
Касе ки ба Писари Худо имон дорад, дар худ шаҳодат дорад; касе ки ба Худо имон надорад, Ӯро дурӯғгӯ донистааст, зеро ба шаҳодате ки Худо дар бораи Писари Худ додааст, имон надорад.
1 Юҳанно 5:10
Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: Мо аз он чи медонем, сухан мегӯем ва бар он чи дидаем, шаҳодат медиҳем, лекин шумо шаҳодати Моро қабул намекунед;
Инҷили Юҳанно 3:11
Бигзор бар ӯ таҳлукаи ногаҳоние биёяд, ва доме ки пинҳон кардааст, худи ӯро бигирад; дар торикӣ дар он фурӯ ғалтад.
Забур 34:8
Чунон ки дарахти себ дар миёни дарахтони ҷангал аст, ончунон маҳбуби ман дар миёни амрадон аст; дар сояи ӯ бо иштиёқ нишастам, ва меваи ӯ барои коми ман ширин аст.
Суруди Сурудҳо 2:3
Вале ба ман гуфт: «Барои ту файзи Ман басанда аст, зеро ки қуввати Ман дар заъф комил мешавад». Ба ин сабаб ман бо рағбати бештар аз заъфҳои худ фахр менамоям, то ки қуввати Масеҳ дар ман сокин гардад.
2 ба Қӯринтиён 12:9
Аммо ба ҳар яке аз мо файз ба андозаи атои Масеҳ бахшида шудааст.
Нома ба Эфсӯсиён 4:7
Ба якдигар, ҳар яке аз рӯи бахшоише ки ёфтаед, ҳамчун муваккалони неки файзи гуногуни Худо хизмат кунед.
1 Петрус 4:10
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
23 Сен 2026
Ezra 9:9
22 Сен 2026
Psalms 104:34
21 Сен 2026
Romans 8:28
20 Сен 2026
Proverbs 3:13
19 Сен 2026
1 Peter 5:10
18 Сен 2026
Psalms 119:18
17 Сен 2026
Matthew 12:20