Дар ҳамон рӯзе ки Худо, ба ҳасби башорати ман, асрори одамонро ба воситаи Исои Масеҳ доварӣ хоҳад кард.
Нома ба Румиён 2:16
Нури рӯзона
Дар ҳамон рӯзе ки Худо, ба ҳасби башорати ман, асрори одамонро ба воситаи Исои Масеҳ доварӣ хоҳад кард.
Нома ба Румиён 2:16
Бинобар ин ба ҳеҷ ваҷҳ пеш аз вақт, яъне то даме ки Худованд биёяд, ҳукм накунед, ки маҳз Ӯ чизҳои дар торикӣ пинҳонро равшан ва ниятҳои дилҳоро ошкор хоҳад кард, ва он гоҳ ҳар кас аз ҷониби Худо таҳсин хоҳад ёфт.
1 ба Қӯринтиён 4:5
Зеро ки Падар бар ҳеҷ кас доварӣ намекунад, балки тамоми довариро ба Писар супурдааст,
Инҷили Юҳанно 5:22
Ва ба Ӯ қудрат бахшидааст, ки доварӣ кунад, зеро ки Ӯ Писари Одам аст.
Инҷили Юҳанно 5:27
Ва ба фариштаи калисои Тиётиро бинавис: «Писари Худо, ки чашмонаш мисли шӯълаи оташ аст, ва пойҳояш мисли миси барроқ аст, чунин мегӯяд:
Ваҳй Юҳанно 2:18
Чаро дасти Худро, ва ямини Худро қафо гардондаӣ? Онро аз бағали Худ бароварда, кори онҳоро тамом кун!
Забур 73:11
Он гоҳ қурбониҳои адолат ва қурбониҳои сӯхтанӣ ба Ту писанд хоҳад афтод; он гоҳ бар қурбонгоҳи Ту гӯсолаҳоро хоҳанд овард.
Забур 50:21
Ҳеҷ чизи ниҳоне нест, ки ошкор нагардад, ва ҳеҷ чизи махфие нест, ки маълум нашавад.
Инҷили Луқо 12:2
Аз ҳамаи ҷиноятҳоям маро раҳоӣ деҳ, пеши нобакорон маро хиҷил накун.
Забур 38:9
Вақте ки бадкешон ба ман наздик шуданд, то ки гӯшти маро бихӯранд, адуёнам ва душманонам худашон ноком шуда, афтоданд.
Забур 26:2
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
24 Сен 2026
Psalms 73:28
23 Сен 2026
Ezra 9:9
22 Сен 2026
Psalms 104:34
21 Сен 2026
Romans 8:28
20 Сен 2026
Proverbs 3:13
19 Сен 2026
1 Peter 5:10
18 Сен 2026
Psalms 119:18