Хушхабар – октябри 2017 – Маҷаллаи Файзу Ҳақиқат
Чӣ тавр бо имон сафед шудан мумкин аст
• «Хуни Исои Масеҳ ... моро аз ҳар гуноҳ пок месозад» (1 Юҳанно 1:7).
• «Бинобар ин, ба воситаи Ӯ ба шумо омурзиши гуноҳҳо мавъиза мешавад; ва ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, аз ҳар он чизе ки шумо ба воситаи шариати Мусо сафед шуда наметавонистед, сафед мегардад» (Аъмол 13:38-39).
• «Одам ба воситаи имон сафед мешавад, на ба воситаи аъмоли шариат» (Румиён 3:28).
• «Пас, азбаски мо ба воситаи имон сафед шудем, ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ бо Худо сулҳ дорем» (Румиён 5:1).
• «Зеро, вақте ки мо ҳанӯз беқувват будем, дар вақташ Масеҳ барои бехудоён мурд» (Румиён 5:6).
• «Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ дошта бошад ... ва ҳар кӣ ба Писар имон наоварад, ҳаётро нахоҳад дид, балки хашми Худо бар ӯ боқӣ мемонад» (Юҳанно 3:16,36).
• «Тарсончакон, беимонон, нафратоварон, қотилон, зинокорон, ҷодугарон, бутпарастон ва ҳамаи дурӯғгӯён насиби худро дар кӯле хоҳанд дошт, ки бо оташ ва кибрит месӯзад, ки ин марги дуюм аст» (Ваҳй 21:8).
• «Ба Худованд Исои Масеҳ имон овар, ва наҷот хоҳӣ ёфт» (Аъмол 16:31).
Оё дар бораи ин масъалаи муҳим саволе доред? Мо метавонем ба шумо бештар гӯем.
Ин мақола ҳамчун рисолаи Инҷил аз *Файзу Ҳақиқат дастрас аст.





