Ва шумо барои Ман мамлакати коҳинон ва халқи муқаддас хоҳед буд. Ин аст суханоне ки ту бояд ба банӣ‐Исроил бигӯӣ».
Хуруҷ 19:6
Нури рӯзона

Ва шумо барои Ман мамлакати коҳинон ва халқи муқаддас хоҳед буд. Ин аст суханоне ки ту бояд ба банӣ‐Исроил бигӯӣ».
Хуруҷ 19:6
Ва суруди наве хонда, мегӯянд: «Ту сазовори он ҳастӣ, ки китобро воз кунӣ ва мӯҳрҳоро аз он бардорӣ; зеро ки Ту забҳ шудӣ ва бо Хуни Худ моро барои Худо аз ҳар сибт ва забон ва қавм ва қабила харидӣ, Ва моро подшоҳон ва коҳинони Худои мо гардондӣ; ва мо бар замин салтанат хоҳем ронд».
Ваҳй Юҳанно 5:9–10
Лекин шумо насли баргузида, каҳонати шоҳона, халқи муқаддас, қавме ҳастед, ки мулки азизи Худо дониста шудаед, то аз камолоти Ӯ, ки шуморо аз зулмот ба рӯшноии аҷоиби Худ даъват намудааст, нақл кунед, —
1 Петрус 2:9
Ва шумо коҳинони Худованд номила хоҳед шуд, — шуморо хизматгузорони Худои мо хоҳанд хонд; аз дороии халқҳо ғизо хоҳед гирифт, ва аз ҷалоли онҳо ифтихор хохед дошт.
Ишаъё 61:6
Хушбахт ва қуддус аст касе ки дар эҳьёи якум иштирок дорад: бар онҳо мамоти дуюм қудрат надорад, балки онҳо коҳинони Худо ва Масеҳ хоҳанд шуд ва бо Ӯ ҳазор сол салтанат хоҳанд ронд.
Ваҳй Юҳанно 20:6
Пас, эй бародарони муқаддас, ки дар даъвати осмонӣ шарик ҳастед, ба Расул ва Саркоҳини эътирофи мо — Исои Масеҳ назар дӯзед,
Ибриён 3:1
Бинобар ин ҳамеша ба василаи Ӯ қурбонии шукронаро ба Худо тақдим менамоем, яъне самараи лабҳоеро, ки ба исми Ӯ ҳамду сано мехонанд.
Ибриён 13:15
Зеро ки мо офаридаи Ӯ ҳастем ва дар Исои Масеҳ барои аъмоли нек, ки иҷрои онҳоро Худо пешакӣ барои мо таъин намудааст, ба вуҷуд оварда шудаем.
Нома ба Эфсӯсиён 2:10
Агар касе маъбади Худоро вайрон кунад, Худо ӯро хонавайрон хоҳад кард, зеро ки хонаи Худо муқаддас аст, ва он шумо ҳастед.
1 ба Қӯринтиён 3:17
Интихобҳои Китоби Муқаддас аз Daily Light on the Daily Path (моликияти ҷамъиятӣ).
15 Июл 2025
Инҷили Матто 6:10
14 Июл 2025
Инҷили Матто 12:34
13 Июл 2025
Суруди Сурудҳо 7:10
12 Июл 2025
Хуруҷ 33:14
11 Июл 2025
Ирмиё 15:20
10 Июл 2025
Инҷили Матто 10:24
9 Июл 2025
Закариё 3:4

Дуо
Павлус барои чаҳор ниёзи муҳими инсонӣ дуо гуфт: фаҳмиши рӯҳонӣ, ҳаёти арзанда, истодагарӣ ва рӯҳияи…
Башоратдиҳӣ
Бифаҳмед, ки сафири Масеҳ будан чӣ маъно дорад. Дар бораи мартабаи осмонӣ, рисолат ва чӣ гуна содиқона Худоро…
Дуо
Дуо сӯҳбат бо Худо аст, як амали осон ва табиӣ барои масеҳиён. Ҷанбаҳои асосии онро кашф кунед: илтиҷо…
Доварӣ
Нолаҳо шарҳи теологии доварии Худо бар Исроилро барои бевафоӣ ва харобии Ерусалим пешниҳод мекунад.
Пешгӯӣ
Пешгӯиҳои Китоби Муқаддасро дар бораи ду маъбади ояндаи Исроил: маъбади мусибат ва маъбади ҳазорсола омӯзед.

Дуо
Павлус барои чаҳор ниёзи муҳими инсонӣ дуо гуфт: фаҳмиши рӯҳонӣ, ҳаёти арзанда, истодагарӣ ва рӯҳияи…
Подшоҳии Худо
Табиати рӯҳонии шоҳигарии Худо, заминаи таърихии он ва чӣ гуна масеҳиён ҳамчун тобеъон зиндагӣ карданро…